Охирин тамринҳои тими миллии Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо Қирғизистон

Охирин тамринҳои тими миллии Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо Қирғизистон

Тими миллии Тоҷикистон охирин тамринҳои худро қабл аз бозӣ бо тими мунтахаби Қирғизистон доир намуд. Тамринҳои тими миллӣ дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек доир гашт. Тими миллии Тоҷикистон дар доираи бозиҳои даври шашуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон - 2022 бо тими мунтахаби Қирғизистон дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек дидор анҷом медиҳад. Бозии байни ин мунтахабҳо имрӯз соати 19:00 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.

Чемпионати ҷаҳон - 2022

Марҳилаи дуюми интихобӣ

Гурӯҳи “F”

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ: соати 19:00 бо вақти Душанбе

Қирғизистон - ТОҶИКИСТОН