Ҷокович ба даври дуюми Rolland Garros 2023 роҳ ёфт

Теннисбози 36 солаи сербӣ Новак Ҷокович (ракеткаи 3-юми ҷаҳон) дар даври аввали мусобиқаи Rolland Garros 2023 ба осонӣ муқобили Александр Ковачевич аз ИМА (ракеткаи 114 - уми ҷаҳон) зафар ёфта, ба даври дуюм баромад.
Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 2 соату 29 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:3, 6:2, 7:6 (7:1) ба суди Ҷокович анҷом ёфт.
Ҳамакнун, дар даври дуюм теннисбозӣ сербӣ муқобили Мартон Фучович (ракеткаи 83-юми ҷаҳон) аз Маҷористон сабқат мекунад. Вохӯрии теннисбозон рӯзи 31-уми май доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Rolland Garros 2023 аз 22-юми май то 11-уми июн дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии мусобиқа 49 600 000 евроро ташкил медиҳад.