Ҷокович ба даври нимниҳоии ATP FINALS баромад

Ҷокович ба даври нимниҳоии ATP FINALS баромад

Ракеткаи якуми ҷаҳон Новак Ҷокович дар бозии охири марҳилаи гуруҳии ATP Finals бо теннисбози олмонӣ Александр Зверев бозӣ кард. Сети якумро Ҷокович хело қавӣ оғоз намуда, дар се гейм пайдарҳам пирӯз шуд. Александр Зверев танҳо дар гейми чорум имконият пайдо кард, ки дастболо гардад. Новак Ҷокович пайти аввалро бо натиҷаи 6-3 ба фоидаи худ ба анҷом расонид.

Пайти дуюм бо партофтҳои Зверев шурӯъ гардида, ӯ то охири сети мазкур бо Новак Ҷокович муқовимати баробар нишон дод. Баъди 6-6 гардидани ҳисоб дар тай-брек Новак Ҷокович бо ҳисоби 7-4 ғалаба карда, ба даври нимниҳоӣ баромад. Акнун дар даври 1/2 ниҳоӣ Ҷокович бо Доминик Тим рубару мешавад.