Ҷокович бидуни мушкили ба даври ниманиҳоии US Open баромад

Ҷокович бидуни мушкили ба даври ниманиҳоии US Open баромад

Теннисбози серби Новак Ҷокович ба даври ниманиҳоии мусобиқаи кушоди US Open дар Амрико роҳ ёфт. Дар бозии даври чаҳорякниҳоӣ Ҷокович бар ракеткаи нӯҳуми ҷаҳон Тейлор Фритси амрикоӣ бо ҳисоби 6:1, 6:4, 6:4 зафар ёфт. Вохӯрӣ 2 соату 36 дақиқа давом кард.

Ҷокович барои роҳ ёфтан ба финали мусобиқаи кушоди US Open бо ғолиби ҷуфти амрикоиҳо Фрэнсис Тиафо ва Бен Шелтон бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи кушоди US Open аз 28 –уми август то 10 –уми сентябр давом мекунад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккаса байни мардон 65 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқот Карлос Алкараси испанӣ мебошад, ки соли гузашта, дар бозии ниҳоӣ бар Каспер Рууд аз Норвегия пирӯз шуда буд.