Ҷокович муқобили Хачанов зафар ёфт ва рекорди Надалро бекор кард
Теннисбози 36 солаи сербӣ Новак Ҷокович (ракеткаи 3-юми ҷаҳон) дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи Rolland Garros 2023 бидуни мушкили муқобили яке аз теннисбозони бомаҳорат Карен Хачанови рус (ракеткаи 11 - уми ҷаҳон) зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ баромад.
Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 3 соату 43 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:4, 6:7 (0:7), 2:6, 4:6 ба суди Ҷокович анҷом ёфт.
Ин ғалабаи 19-уми Ҷокович сар карда аз соли 2005 дар ин мусобиқа буд. Сербӣ дар ин марҳила ҳеҷ гоҳ мағлуб нашудааст.
Ҷокович дар ин нишондод аз Надал пеш гузашт. Испониёӣ аз соли 2005 инҷониб 16 ғалаба ва як бохт дорад, ки рекорди як мусобиқаи Open Era мебошад.
Ҳамакнун, дар даври нимниҳоӣ Ҷокович бо ракеткаи якуми ҷаҳон Карлос Аскараси 20 сола баҳри роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқа мубориза мебарад. Вохӯрии теннисбозон рӯзи 09-уми июн доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Rolland Garros 2023 аз 22-юми май то 11-уми июн дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии мусобиқа 49 600 000 евроро ташкил медиҳад.