Ҷокович Сербияро дар ATP Cup қаҳрамон кард

Ҷокович Сербияро дар ATP Cup қаҳрамон кард

Теннисбозони сербӣ - Новак Ҷокович ва ҳамдастаи ӯ Виктор Троитски дар вохӯрии ҷуфтӣ дар финали ATP бар ҳарифони испании худ – Пабло Каррено-Буста ва Фелисяно Лопес зафар ёфтанд. Бозии онҳо дар корт муддати як соату 16 дақиқа идома карда, дар ду пайт бо ҳисоби 6:3, 6:4 ба суди варзишгарони сербӣ хотима ёфт. Мунтахаби Сербия дар ин вохӯрӣ 5 эйс карда, ба иҷрои 3 брейк-пойнт муваффақ омад. Хотиррасон мекунем, ки дар вохӯрии якуми даври ниҳоӣ Роберто Баутиста-Агути испанӣ бар Душан Лайович аз Сербия ғолиб омад. Аммо дар рақобати дуюм Рафаэл Надал аз Новак Ҷокович шикаст хӯрд ва ҳисоби рақобатҳои инфиродиро баробар кард. Бинобар ин тақдири қаҳрамонӣ дар рақобати ҷуфтӣ ҳал гардид. Ҳамин тариқ мунтахаби Сербия бори аввал дар таърих ғолиби мусобиқаи ATP Cup шуд. Ин мусобиқаи даставӣ бори аввал имсол роҳандозӣ гардид, ки ҷоизапулии он 15 миллион долларро ташкил медод.