Ҷоковичи 39 сола пас аз 5 соати мубориза, роҳхати марҳилаи нимниҳоиро соҳиб шуд
Теннисбози сербӣ, қаҳрамони 24 каратаи мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” – Новак Ҷоковичи 39 сола ба марҳилаи нимниҳоии Уимблдон-2026 роҳ ёфт.
Ракеткаи 8-уми ҷаҳон, дар марҳилаи чаҳорякниҳои бар ракеткаи 4-уми ҷаҳон, намояндаи Канада - Феликс Оже-Аляссим дар як рақобати сахту сангин бо ҳисоби 7:6 (12:10), 3:6, 6:3, 6:7 (4:7), 7:6 (10:4) пирӯз шуд.
Рақобати теннисбозон рӯи корт 5 соату 15 дақиқа идома карда, яке аз тӯлонитарин ва ҷолибтарин бозиҳои мусобиқа гардид.
Дар ҷараёни бозӣ Ҷокович 14 эйс анҷом дода, 6 хатои дукарата содир кард ва аз 13 имкони брейк-пойнт дутояшро истифода бурд. Аз ҷониби Оже-Аляссим 29 эйс, 5 хатои дукарата ва 2 брейк-пойнти муваффақ аз 4 имконият ба қайд гирифта шуд.
Ҳамакнун, Ҷокович барои роҳ ёфтан ба финали Уимблдон бо ракеткаи якуми ҷаҳон ва қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа — Янник Синнер аз Италия рақобат хоҳад кард. Ин дидор яке аз интизортарин рақобатҳои нимфинали Уимблдон-2026 маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин, имрӯз рақобатҳои дигари марҳилаи чаҳорякниҳоӣ доир мешаванд. Ракеткаи ҳафтуми ҷаҳон аз Амрико – Тэйлор Фритс бо ракеткаи сеюми ҷаҳон аз Олмон – Александр Зверев ва ракеткаи 10-уми ҷаҳон аз Италия – Флавио Коболли бо ракеткаи 114-уми ҷаҳон аз Британияи Кабир – Артур Фери барои роҳхати марҳилаи нимниҳоӣ талош меварзанд. Ғолиби ин ҷуфтҳо дар марҳилаи нимниҳоӣ бо якдигар бозӣ мекунанд.