Ҳолгер Руне қасди бохташро пас аз як ҳафта аз Кетсманович гирифт

Ҳолгер Руне қасди бохташро пас аз як ҳафта аз Кетсманович гирифт

Ракеткаи шашуми ҷаҳон, теннисбози 20-солаи даниягӣ - Ҳолгер Руне ба даври дуюми мусобиқаи ATP-500, ки дар Базели Швейтсария ҷараён дорад, роҳ ёфт.

Дар бозии ифтитоҳӣ Ҳолгер Руне бар Миомир Кетсмановичи сербӣ зафар ёфт. Вохӯрии теннисбозон рӯи корт се сет идома ёфта, ҳисоби 1:6, 7:5, 6:3 ба суди Ҳолгер Руне ба поён расид. Ҳамакнун, рақиби навбатии Руне аз аргентинӣ Себастян Баез хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки як хафта пеш Руне дар даври дуюми мусобиқа дар Стокголм аз Кетсманович мағлуб шуда буд ва ҳоло қасди бохташро аз ӯ гирифт. Мусобиқа дар Базел аз 23 то 29-уми октябр идома мекунад. Фонди ҷоизаи мусобиқа 2 196 000 евроро ташкил медиҳад.