Ғолиби мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол маълум шуд

Ғолиби мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол маълум шуд

Дар Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омада, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардид. Ба ин муносибат Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода волейболбозони ғолибро бо ин дастовард ва иди бонувон – Рӯзи Модар табрик гуфта, дар фаъолияти ояндаашон бурдборию муваффақият таманно кард. Ҳамчунин ба варзишгарони ғолиб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Бонувони волейболбози Вазорати корҳои дохилӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, 5 март дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохтанд. Дар ин гурӯҳ мақоми сеюмро дастаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба даст овард.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар, ки бо ташаббуси Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, аз 10 феврал то 5 март дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (Манеж) идома ёфт.

Дар ин мусобиқа, ки аз соли 2017 инҷониб доир карда мешавад, имсол 42 дастаи волейболбозони касбӣ ва ғайрикасбӣ ширкат намуданд. Дар мусобиқаи касбӣ дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи аввал, дастаи Душанбе-1 ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагон бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.