Ғолиби "Ҷоми газетаи СССР" муайян шуд

Ғолиби "Ҷоми газетаи СССР" муайян шуд

Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2005 (U-14) барои дарёфти "Ҷоми газетаи СССР", ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд буд, ҷамъбаст шуд.

"Ҷоми газетаи СССР" аз соли 2008 то кунун идома дошта, дар он футболбозони навраси кишвар шомил мебошанд. Дар мусобиқаи имсола, 6 даста дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа, дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб сазовори "Ҷоми газетаи СССР" гардид. Дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “ММВЗО”-и шаҳри Душанбе мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи имсола дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар, “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, “Дарвоз”-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, “МҶМОВ”-и шаҳри Душанбе, “Панҷакент”-и вилоти Суғд ва “ММВЗО”- шаҳри Душанбе иштирок намуданд.