Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи дуюми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Душанбе муайян гардиданд

Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи дуюми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Душанбе муайян гардиданд

4 октябр, дар рӯзи сеюми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн: -70 кг байни духтарон ва -81 кг, 90 кг байни писарон баргузор гардиданд. Аз Тоҷикистон дар ин рӯз дар мусобиқа 5 варзишгар иштирок намуданд. Инҳо Аминҷон Абдуҷалилзода, Сунатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 81 кг, Мусохон Ғаниев, Музаммир Каримзода  дар вазни то 90 кг буданд.

Ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон -2024

Рӯзи 3-юм
Вазни -70 кг

1. Элена Денг (Австрия)

2. Фоҳоу Люн (Швейтсария)

3. Тайла Грауйер (Германия)

3. Кая Счустер (Сербия)

Вазни -81 кг

1. Лука Ҷавахишвили (Груҷистон)

2. Ванг Янгван (Чин)

3. Азат Кимисбай (Қазоқистон)

3. Сулаймон Шукуров (Озарбойҷон)

Вазни -90 кг

1. Комей Кавабата  (Ҷопон)

2. Эгор Малкин (дастаи IJF)

3. Вадим Чимбовсчи (Молдова)

3. Алишер Саманов  (Узбекистон)




Ёдовар мешавем, ки 2 октябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад. Дар чемпионат 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ  (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.

Дар се рӯзи  Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон варзишгарони тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқра ва Муҳидин Асадуллоев (-73 кг) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.