Ғолибони 7-умин Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе муайян шуданд

Ғолибони 7-умин Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе муайян шуданд

Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши оби шаҳри Душанбе барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" Мусобиқаи ҳафтуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд наздики 100  паҳлавонони маъруфи зиёда аз 25 давлати ҷаҳон , барои мақомҳои ифтихорӣ дар вазнҳои то 65кг, 78кг, 86 кг ва +86кг байни мардон ва бонувон дар вазни то 70 кг рақобат намуданд.

Дар вазни то 65 кг паҳлавони ҷавони тоҷик Ёсин Бобокалонов медали тиллоро соҳиб шуд. Дар финал Бобокалонов бар паҳлавони дигари меҳан Сарвар Абдушукуров ғолиб омад. Медалҳои биринҷиро намояндагони Ӯзбекистон – Дилшод Буриев ва Арётм Штурбабин соҳиб гардиданд.

Дар вазни то 78 кг паҳлавони тоҷик Маҳмадшариф Наҷмиддинов медали тиллоро моли хеш кард. Соли гузашта, низ дар ҳамин вазн Наҷмиддинов ба қаҳрамонӣ расида буд. Медали нуқра насиби Умид Эсанов аз Ӯзбекистон шуд, ки соли гузашта, ҳам медали нуқра гирифта буд. Қоим Шукронов аз Тоҷикистон ва Адилет Ахметгали аз Қазоқистон медалҳои биринҷиро ба гардан овехтанд.

Медали тиллои вазни то 86 кг ба Ӯзбекистон рафт, зеро дар финал Аҳрор Зиёдуллоев бар паҳлавони мо Ҳақназар Назаров зафар ёфт. Ёқубҷон Назиров аз Русия ва Раҳматуллобек Фарҳодов аз Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб гардиданд.

Дар вазни изофаи 86 кг Шоҳруххон Бахтиёров аз Ӯзбекистон ҳама ҳарифонро бидуни мушкили мағлуб намуда, ба қаҳрамонӣ расид. Дар финал бо партофти ҳалол Бахтиёров бар паҳлавони кишвари мо Шарифҷон Назриев ғолиб омад. Медалҳои биринҷиро Бекмурод Олтибоев аз Ӯзбекистон ва Ҳусейн Халмурзаев аз Русия соҳиб шуданд.

Дар ин вазн, паҳлавони шинохтаи тоҷик ва қаҳрамони феълии мусобиқа Шакармамад Мирмамадов аз намояндаи Туркманистон - Тейен Тейенов дар даври аввал ба таври ногаҳонӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Миёни бонувон дар вазни 70 кг медали тиллоро намояндаи Русия – Камила Бадурова соҳиб шуд. Дар финал Бадурова бар ҳамватанаш ва қаҳрамони феълии мусобиқа Алена Прокопенко зафар ёфт. Алина Молдокулова аз Қирғизистон ва Юлия Гребеножко аз Украина медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавам, ки ҷоизаи умумии мусобиқа, 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, ғолибони мақоми аввал соҳиби 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм соҳиби 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм бошанд, сазовори 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ шуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки мусобиқаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиб, рушду равнақи варзиш ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт гузаронида шуд.

Ғолибони ҳафтумин  Мусобиқаи байналмилалии гӯштигирӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” дар соли 2025

Вазни -65 кг

1. Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)

2. Сарвар Абдушукуров (Тоҷикистон)

3. Дилшод Буриев (Ӯзбекистон)

3. Артём Штурбабин (Ӯзбекистон)

Вазни -78 кг

1.Маҳмадшариф Наҷмиддинов (Тоҷикистон)

2.Умед Эсанов (Ӯзбекистон)

3.Қоим Шукронов (Тоҷикистон)

3. Адилет Ахметгали (Қазоқистон)

Вазни -86 кг

1.Аҳрор Зиёдуллоев (Ӯзбекистон)

2.Ҳақназар Назаров  (Тоҷикистон)

3.Ёқубҷон Назиров (Русия)

3.Раҳматуллобек Фарҳолов (Тоҷикистон)

Вазни +86 кг

1.Шоҳруххон Бахтиёров (Ӯзбекистон)

2.Шариҷон Назриев  (Тоҷикистон)

3.Бекмурод Олтибоев (Ӯзбекистон)

3. Ҳусейн Халмурзаев (Русия)

Вазни 70 кг

1. Камила Бадурова (Русия)

2. Алена Прокопенко (Русия)

3.Алина Молдокулова (Қирғизистон)

3.Юлия Гребеножко (Украина)