Ғолибони аввалин мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 маълум шуданд

Рӯзҳои 1-ум ва 2-юми феврали соли равон дар шаҳри Парижи Фаронса аввалин мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 “Paris Grand Slam 2025” миёни беҳтарин гӯштингирони ҷаҳон доир гардид.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Paris Grand Slam 2025” 309 ҷудокор (172 мард, 137 зан) аз 53 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ҷудокорони тоҷик дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ иштирок накарданд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа, ки рӯзи 1-уми феврал доир шуд, ҷудокорон дар вазнҳои -60 кг, -66 кг ва -73 кг миёни мардон ва вазнҳои - 48 кг, -52 кг, -57 кг, ва -63 кг миёни бонувон рақобат карданд.
Дар рӯзи дуюм мардон дар вазнҳои -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг ва бонувон дар вазнҳои -70 кг, -78 кг, +78 кг сабқат намуданд.
Дар мусобиқа ҷудокорони шинохта, ба монанди Маттиас Кассеи белгиягӣ, Мануэл Ломбардои итолиёвӣ, Ван Лишоути нидерландӣ, Ланир Инбари исроилӣ, Дистриа Красникии косовагӣ, Гаузеир Франкоиси канадагӣ, Раз Ҳершкои исроилӣ, Андни Гарндаи кубагӣ , Ли Ҷунҳвани кореягӣ ва Маҳмадбек Маҳмадбекови тоҷиктабор, ки аз тарафи АМА баромад мекунад, ширкат варзиданд. Ин ҷудокорон ҳама аз рӯи вазнҳои хеш дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро ишғол мекунанд.
Аз ҳисоби медалҳо дар феҳрист ҷудокорони Фаронса бо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол карданд. Ҷопон бо 3 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 1 тилло, 2 нуқра ҷои сеюм, АМА бо 1 тилло, 1 нуқра ҷои чаҳорум ва Озарбойҷон бо 1 тилло ва 2 биринҷӣ ҷои панҷумро дар феҳристи медалҳо касб намуданд.
Ғолибони мусобиқаи Paris Grand Slam 2025
Рӯзи 1-ум
Вазни -48 кг
1.Кондо Митсуки (Ҷопон)
2.Боукли Ширине (Фаронса)
3.Тара Бабулфатҳ (Шведсия)
3.Кога Вакана (Ҷопон)
Вазни -52 кг
1.Омори Кисуми (Ҷопон)
2.Фуҷиширо Кокоро (Ҷопон)
3.Дистриа Крисники (Косово)
3.Леива Санчес (Испания)
Вазни -57 кг
1.Марза Фавоз (Фаронса)
2.Тимна Нелсон (Исроил)
3.Офелие Велоззи (Фаронса)
3.Мегуми Фучида (Ҷопон)
Вазни -63 кг
1.Каю Ҳарука (Ҷопон)
2.Декетер Манон (Фаронса)
3.Нора Гякова (Косово)
3.Мелкиа Аучекорне (Фаронса)
Вазни -60 кг
1.Пикард Ромаин (Фаронса)
2.Секимото Кента (Ҷопон)
3.Баҳром Ботуров (Ӯзбекистон)
3.Энзо Ҷеан (Фаронса)
Вазни -66 кг
1.Руслан Пашаев (Озарбойҷон)
2.Даики Боуба (Фаронса)
3.Важа Маргвелашвили (Гурҷистон)
3.Валид Хюар (Фаронса)
Вазни -73 кг
1.Шаҳром Аҳадов (Ӯзбекистон)
2.Акил Гяков (Косово)
3.Гоберт Махим (Фаронса)
3.Рашид Маҳмадалиев (Озарбойҷон)
Рӯзи 2-юм
Вазни -70 кг
1.Тсунода Роусант (Испания)
2.Маю Ҳонда (Ҷопон)
3.Марие Эве (Фаронса)
3.Маргит де Вугд (Фаронса)
Вазни -78 кг
1.Патрисиа Сампайо (Португалия)
2.Инбар Ланир (Исроил)
3.Тчуамео Аудрей (Фаронса)
3.Посвите Эстелле (Фаронса)
Вазни +78 кг
1.Фонтайне Леа (Фаронса)
2.Ли Ҳйеонҷи (Кореяи Ҷанубӣ)
3.Раз Ҳершко (Исроил)
3.Мао Арай (Ҷопон)
Вазни -81 кг
1.Франкоис Драпеау (Канада)
2.Нугзари Таталашвили (АМА)
3.Маттиас Кассе (Белгия)
3.Умар Раҷаблӣ (Озарбойҷон)
Вазни -90 кг
1.Ким Ҷонгҳун (Кореяи Ҷанубӣ)
2.Лука Майсурвдзе (Гурҷистон)
3.Гоки Таҷима (Ҷопон)
3.Алексис Мазиеу (Фаронса)
Вазни -100 кг
1.Ҷафар Костоев (АМА)
2.Леонардо Гонсалвес (Бразилия)
3.Арман Адамиан (IJF)
3.Фелипе Силва Моралес (Куба)
Вазни +100 кг
1.Инал Тасоев (IJF)
2.Ли Сеунгйеоб (Кореяи Ҷанубӣ)
3.Юта Накамура (Ҷопон)
3.Тома Никифоров (Белгия)
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи “Paris Grand Slam 2024” Тоҷикистонро 9 ҷудокор Меҳрзод Суфиев, Обид Ҷебов, Эмомалии Нуралӣ, Абубакр Шеров, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Аҳлия Муминова намояндагӣ карда буданд, вале ягон нафари онҳо натавонист медал бигирад.