Ғолибони қайиқронии академӣ маълум шуданд

Ғолибони қайиқронии академӣ маълум шуданд

Рақобатҳо дар риштаи қайиқронии академӣ байни бонувон хеле пуршиддат сурат гирифтанд, ки дар натиҷаи намояндаҳои кишвари Италия Валентина Родини ва Федерика Чезарини рақибонашон пеш гузашта нишони тиллои Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оварданд. Медали нуқра насиби варзишгарони Фаронса ва нишони биринҷиро намояндаҳои Нидерланд ба даст оварданд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020. Қайиқронии академӣ, бонувон, дунафарӣ, вазни сабук

1. Италия (Валентина Родини, Федерика Чезарини) — 6.47,54.

2. Фаронса (Лора Тарантола, Клере Бове) — 6.47,68.

3. Нидерланд (Марике Кейсер, Илсе Паулис) — 6.48,03.