Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ шуданд
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон мулоқот намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар мусобиқае, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, чор нафар варзишгари тоҷик миёни муштзанҳои то 17-сола ба гирифтани медал мушарраф шуданд. Беҳрӯз Умаров (54 кг) ва Анушервон Сидиқов (46 кг) унвони қаҳрамониро ба даст оварда, соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Муҳаммадҷон Сулаймонов (58 кг) ва Азизахон Бобоҷонова (52 кг) бошад, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Раиси вилоят варзишгаронро бо натиҷаҳои арзанда табрик намуда, таъкид кард, ки дастовардҳои онҳо самараи сиёсати давлатии дастгирии варзиш ва таваҷҷуҳи пайваста ба тарбияи насли солим мебошад.
Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд барои рушди бокс тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Федератсияи бокси вилояти Суғд заминаи моддию техникӣ таҳким меёбад, шароити тамрину рақобат беҳтар гардида, барои омода намудани варзишгарони болаёқат имкониятҳои бештар фароҳам оварда мешаванд.
Ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.