Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон-2025 оид ба бокс дар шаҳри Хуҷанд муайян шуданд
Рӯзҳои 18-ум то 22-юми октябр дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс байни калонсолон баргузор гардид. Мусобиқа дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд бо иштироки беҳтарин муштзанҳои кишвар доир шуд.
Дар рӯзи охири мусобиқа рақобатҳои финалӣ доир шуда, исми қаҳрамонҳои нави кишвар муайян гардиданд.
Хусравхон Раҳимов, Акмал Убайдов, Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар финалҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс пирӯз шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар чемпионати имсола дар Хуҷанд 19 муштзани зан ва 112 муштзани мард иштирок карданд. Дастаҳои ширкаткунанда аз минтақаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, ВМКБ, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд ва ШНТМ иборат буданд.
Меҳрон Шафиев аз Душанбе, ки беҳтарин муштзани чемпионати кишвар дар соли 2022 буд, ба категорияи дӯстдоштаи худ — вазни 48 кг баргашт. Варзишгари 23-сола бо маҳорати баланди техникии худ намояндаи Хатлон Абдуқолиқ Файзализодаро мағлуб карда, унвони навбатии қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст овард.
Меҳроҷ Суфиҷонов аз вилояти Суғд, ки ҷоизадори Чемпионати Осиё байни то 22-солаҳо мебошад, дар вазни 51 кг бар ҳарифаш Меҳроб Ҳамидов аз Душанбе ғалаба кард ва ба унвони қаҳрамонӣ расид.
Нуриддин Зоидов дар вазни 54 кг дар рақобати шадид бар Ҳасан Салоҳиддинов дастболо шуд.
Хусравхон Раҳимов, барандаи нишони нуқраи Чемпионати Осиё байни то 22-солаҳо, дар вазни 57 кг бо Искандарбек Рустамов ҷанги пуршиддат дошт, вале тавонист пирӯз шавад ва тиллои дигарро ба дастаи Суғд биёрад.
Қаҳрамони Осиё - Акмал Убайдов дар вазни 60 кг ду ҷоизадори Осиёро шикаст дод, аввал Абубакр Муродзодаро бо нокаут аз роҳ бардошт ва баъдан дар финал бар ҷавони 21-сола Меъроҷ Зоидов ғалаба кард.
Қаҳрамони Осиё ва барандаи нишони биринҷии ҷаҳон Баҳодур Усмонов аз Душанбе дар финали навбатӣ бар муштзани ҷавон, ҷоизадори Чемпионати Осиё Руслан Ғафурови 19-сола пирӯз шуд. Ҳамчунин, Шамшер Саидов аз Душанбе бо шикасти рақибони асосиаш Шукрат Саломатов ва Файзалӣ Ғуломов унвони қаҳрамони вазни 67 кг-ро ба даст овард.
Муродҷон Ашӯралиев бар рақиби пуртаҷриба, иштирокчии Чемпионати ҷаҳон Довуд Маҳкамов ғалаба кард ва медали тиллоро дар вазни 71 кг соҳиб шуд.
Шаҳобҷон Шукуров бо сабки сабуронаи худ дар вазни 75 кг ғалаба кард, дар ҳоле ки Некрӯз Салимов аз Душанбе ҳадафашро дар вазни 80 кг амалӣ намуд.
Ноибқаҳрамони Осиё Парвиз Каримов дар финали вазни 86 кг бар собиқ барандаи нишони биринҷии Ҷоми ҷаҳонии наврасон Аҳмадҷон Саидов ғалаба кард.
Муштзани пуртаҷриба Наврӯз Ҷафоев дар вазни 92 кг тилло ба даст овард, дар ҳоле ки ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва қаҳрамони Бозиҳои Осиё Давлат Болтаев дар финали охирин бо нокаут бар Муҳаммад Аброриддинов аз Душанбе пирӯз шуд.
Муштзани вилояти Хатлон Зарина Ҷалилова, ки таҷрибаи байналмилалӣ дорад, дар финали вазни 50 кило бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ карда, унвони аввалини худро ба даст овард. Ҷалилова дар финал Шукрона Шовалиеваро мағлуб намуд.
Фариза Ёқубова дар нимфинал рақиби худ Дилдода Асақуловаро дар вазни 54 кило шикаст дода, ба финал баромад. Дар рақобати ниҳоӣ Ёқубова бо ҷоизадори Чемпионати Осиё Ҳангома Исоева рӯ ба рӯ шуд. Ёқубова аз аввали дидор масофаи муносибро барои зарбаҳои худ ёфт ва бо иҷрои аъло медали тиллоро ба гардан овехт.
Миҷгона Самадова аз шаҳри Душанбе, ки яке аз ситораҳои бокси занонаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад дар финали вазни 57 кило бар намояндаи вилояти Хатлон Меҳрона Зикруллоева бо пирӯзии барвақт (бо қатъи муҳориба) ғолиб омад.
Боқимонда аз ҳама таҷрибадортарини бокси занонаи Тоҷикистон, Шоира Зулқайнарова, соҳиби се нишони биринҷии Чемпионатҳои Осиё, ба вазни 60 кило баргашт, аммо барои аввалин бор натавонист медали тиллоро ба даст оварад. Зулқайнарова аз ҷавонбонуи умедбахши вилояти Хатлон Бибинашастамо Холова шикаст хӯрд.
Нилуфар Бобоёрова аз Душанбе, ки 29-сола буда ва дар Чемпионати ҷаҳонии бокси занона то чорякфинал расида буд, дар финали вазни 63 кг бо қувва ва таҷрибаи бештар бар Шоҳнозаи Саъдулло ғолиб омад.
Дар дидори дигари финалӣ, муштзани вилояти Хатлон Малика Нозимова дар вазни 66 кг бо ҳисоби 4:1 бар Дилноза Муримова аз Душанбе пирӯз шуд.
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон-2025 оид ба бокс дар шаҳри Хуҷанд
Бонувон
50кг
1. Зарина Ҷалилова, Хатлон-2
2. Шукрона Шоалиева, Хатлон-2
3. Мавзунаи Аҳмадхон, Хатлон-2
3. Ширмогул Ҳайдарова, Хатлон-2
54кг
1. Фирӯза Ёқубова, Хатлон-2
2. Ҳангома Исоева, Душанбе
3. Дилдода Асақолова, Душанбе
3. Шукронаи Суҳроб, Хатлон-2
57кг
1. Миҷгона Самадова, Душанбе
2. Меҳрона Зикруллоева, Хатлон-2
3. Давлатбӣ Саидова, Хатлон-2
60кг
1. Бибинишастамоҳ Холова, Хатлон-2
2. Шоира Зулқайнарова, Душанбе
3. Наврӯзбии Қувваталӣ, Душанбе
63кг
1. Нилуфар Бобоёрова, Душанбе
2. Шаҳнозаи Саъдулло, Хатлон-2
3. Миҷгона Набиева, Хатлон-2
66кг
1. Малика Нозимова, Хатлон-2
2. Дилноза Муримова, Душанбе
Мардҳо
48кг
1. Меҳрон Шафиев, Душанбе
2. Абдухолиқ Файзализода, Хатлон-2
3. Бобоҷон Менгиқулов, Хатлон-2
3. Шерхонбек Қозизода, ВМКБ
51кг
1. Меҳроҷ Суфиҷонов, Суғд
2. Меҳроб Ҳамидов, Душанбе
3. Ҳусейн Диловаров, ВМКБ
3. Сунатулло Холов, Хатлон-1
54кг
1. Нуриддин Зоидов, Суғд
2. Ҳасан Салоҳиддинов, ШНТМ
3. Шоҳрух Шарифзода, Душанбе
3. Фирдавс Орифов, ВМКБ
57кг
1. Хусравхон Раҳимов, Суғд
2. Искандарбек Рустамов, Суғд
3. Бузургмеҳр Иксанов, Душанбе
3. Анушервон Фозилов, Душанбе
60кг
1. Акмал Убайдов, Душанбе
2. Меъроҷ Зоидов, Суғд
3. Абубакр Муродзода, Хатлон-2
3. Саидмирзомиддин Мирзоев, Душанбе
63,5кг
1. Баҳодур Усмонов, Душанбе
2. Руслан Ғафуров, Душанбе
3. Муҳаммадамин Лутфуллоев, ШНТМ
3. Дамир Муйбалихонов, ВМКБ
67кг
1. Шамшер Саидов, Душанбе
2. Файзалӣ Ғуломов, Душанбе
3. Шуҳрат Саломатов, ВМКБ
3. Искандар Ҳусейнов, Суғд
71кг
1. Муродҷон Ашуралиев, Суғд
2. Довуд Маҳкамов, Суғд
3. Салим Қурбонмамадов, ВМКБ
3. Хисрав Холиқов, Хатлон-2
75кг
1. Шаҳобҷон Шукуров, ШНТМ
2. Баҳромбек Ҳотамов, Суғд
3. Абдуғафор Ваҳобов, Суғд
3. Аҳмад Раҳмонов, Хатлон-2
80кг
1. Некрӯз Салимов, Душанбе
2. Рамоил Қурбонов, Хатлон-2
3. Абдумалик Болтаев, ШНТМ
3. Шаҳбоз Ҳайитов, Суғд
86кг
1. Парвиз Каримов, Душанбе
2. Аҳмадҷон Саидов, Душанбе
3. Ҷовид Маҳмадов, Душанбе
3. Шаҳриёр Солиев, Хатлон-2
92кг
1. Наврӯз Ҷафоев, Суғд
2. Бахтиёр Холов, Душанбе
3. Баҳодур Боев, Хатлон-1
3. Фазлиддин Комилов, Хатлон-2
+92кг
1. Давлат Болтаев, Душанбе
2. Муҳаммад Аброриддинов, Душанбе
3. Парвиз Ахмедов, Душанбе
3. Асадбек Манонов, Суғд
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон дар шаҳри Душанбе доир шуда буд.