Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд

10-11 феврал дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он паҳлавонон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-1 фаъолона иштирок намуданд.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон аз рӯи 10 вазн (7 вазн байни мардон ва 3 вазн байни занон) доир шуд. Дар сабқати мардон дар вазни то 60 кило Рамзиддин Азизов дар финал ба Ҳақдод Гулов дастболо шуд. Сарвар Абдушукуров дар финали вазни то 65 кило бар Ёсин Бобокалонов ғалаба кард. 

Абдуллои Ориф дар финали вазни то 71 кило Шеравлиё Исоқовро шикаст дод. Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар финали вазни то 78 кило Субҳиддин Халилзодаро мағлуб кард. Ҳақназар Назаров дар финали вазни то 86 кило бар Беҳрӯз Имомов ғолиб омад. Муҳаммадиқбол Тошов дар финали вазни то 95 кило Туйчибек Шариповро мағлуб намуд. Шарифҷон Назриев дар финали вазни беш аз 95 кило бар Хуршед Маҷидов дастболо шуд.

Байни духтарон дар финали вазни то 57 кило Аҳлия Муминова ғолиб омад. Вай дар финал Насиба Карликоваро шикаст дод. Ҷонона Назарова дар финали вазни то 63 кило Қурбонгул Ҳалимоваро мағлуб намуд. Шоҳида Қаландарова дар финали вазни то 70 кило юар Гулафзо Гулова ғолиб гардид.

Ба ғолибону ҷоизадорон дар ҳар вазн мувофиқи ҷойҳои соҳиб шудаашон диплому медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ тақдим гардиданд.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе

Вазни 60 кг

1.Раҳмиддин Азизов

2.Ҳақдод Гулов

3.Сайвализода Сайнабиӣ

3.Аҳмадов Нурулло

Вазни 65 кг

1.Абдушукуров Сарвар

2.Бобокалонов Ёсин

3.Салимов Муҳаммад

3.Каримов Муслимбек

 Вазни 71 кг

1.Абдуллои Ориф

2.Исоқов Шеравлиё

3.Лифаев Рамазон

3.Чақалов Меҳровар

Вазни 57 кг

1.Муминова Аҳлия

2.Карликова Насиба

3.Рӯзигули Ҳасан

3.Бекназарова Рӯзафзун

 Вазни 63 кг

1.Назарова Ҷонона

2.Ҳалимова Қурбонгул

3.Мамадназарова Камила

 Вазни 78 кг

1.Наҷмиддинов Маҳмадшариф

2.Халилзода Субҳиддин

3.Каримзод Наврӯз

3.Шукронов Қоим

 Вазни 86 кг

1.Назаров Хақназар

2.Эмомов Беҳрӯз

3.Ҳасанов Некрӯз

3.Саидов Алишер

 Вазни 95 кг

1.Тошов Муҳаммадиқбол

2.Шарипов Туйчибек

3. Раҳимов Исроил

3.Муродов Акмал

 Вазни +95 кг

1.Назриев Шарифҷон

2.Маҷидов Хуршед

3.Мирмамадов Шакармамад

3. Қурбоналиев Дадахон

 Вазни 70 кг

1.Шоҳида Қаландарова

2.Гулова Гулафзо

3.Меҳронаи Манучеҳр

3.Сафарова Моҳира