Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оиди бокс дар Душанбе маълум шуданд
Рӯзҳои 24-ум то 27-уми октябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс байни калонсолон баргузор гардид.
Мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки беҳтарин муштзанҳои кишвар доир шуд.
Дар рӯзи охири мусобиқа рақобатҳои финалӣ доир шуда, исми қаҳрамонҳои нави кишвар муайян гардиданд. Аз ҷумла, дар финали вазни 48 кило Меҳрон Шафиев бар намондаи дастаи Хатлон-2 Аслиддин Бухориев ғалаба карда, нишони тиллоро ба даст овард.
Фирдавс Орипов дар вазни 51 кило бо шикаст додани Меҳроҷиддин Баротов қаҳрамони Тоҷикистон гардид. Намояндаи дигари дастаи Душанбе - Изатуло Алиев дар вазни 54 кило ғолиб шуд. Дар финали вазни 57 кг ҳам рақобат шадид ҷараён гирифта, дар натиҷа Хусравхон Раҳимов бо мағлуб намудани ҳамаи ҳарифони худ ғолиб шуд.
Дар вазни 63, 5 кг - Файзали Ғуломов аз тими Душанбе 1 медали тилло ба даст овард. Дар финали категорияи 86 кг Асрорхуҷа Саидов натавонист ҳарифи сарсахти худ Аҳмадҷон Саидовро мағлуб намояд. Дар натиҷа Саидов якум шуду Асрорхуҷа дуюм. Дар вазни 92 кг Аҳмадҷон Саидов ва дар вазни ҷамъи 92 кг Парвиз Ахмедов зафар ёфтанд.
Рақобатҳо миёни бонувон ҳам ҷолибу диданӣ сурат гирфитанд. Ин чемпионат чеҳраҳои навро барои мухлисон ошкор кард. Руҳафзо Ҳақназарова мудаии асосии вазни 54 кило кило буд интизориҳои мухлисонро бароварда карда, унвони қаҳрамониро ба даст овард. Рақиби иштирокчии Бозиҳои олимпии Париж ва муштзабонуи саршиноси меҳан Миҷгона Самадова ба рақобати финалӣ ҳозир нашуду , ӯ ғолиб эълон гардид.
Имсол дар чемпионат наздики 100 нафар муштзан ширкат карда, байни ҳам сабқатҳои ҷолибу диданӣ намуданд. Тӯли 4 рӯз толори варзишии ДМТ пур аз издиҳоми мухлисон буд. Ҳамакнун, ғолибону беҳтарин муштзанони чемпионат шомили ҳайати мунтахаби бокси кишвар шуда, кишвари моро дар мусобиқаҳои байналмилаӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ба ғолибони ҷои аввал 5000 сомонӣ, ҷои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 1000 сомонӣ аз ҷониби Федератсияи бокси Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс -2024 миёни калонсолон
Миёни бонувон
Вазни 50 кг
1.Шукрона Шовалиева (Хатлон-2)
2.Меҳронаи Зафар (Хатлон-2)
3.Зарина Ҷалилова (Хатлон-2)
3.Фотима Холова (Душанбе -2)
Вазни 54 кг
1.Руҳафзо Ҳақназарова (Душанбе)
2.Дилдода Асаколова (Душанбе-1)
3.Фариза Ёқубова (Хатлон-2)
Вазни 57 кг
1.Миҷгона Самадова (Душанбе)
2.Нигора Олимова (Душанбе)
3.Шаҳноза Одиназода (Хатлон-2)
Вазни 60 кг
1.Шоира Зулқайнарова (Душанбе -1)
2.Ҳангома Исоева (Душанбе)
3.Мавзунаи Аҳмадҷон (Хатлон-2)
Вазни 63 кг
1.Нилуфар Бобоёрова (Душанбе -1)
2.Дилноза Нуримова (Душанбе-1)
3.Насиба Шарифзода (Хатлон-2)
3.Миҷгона Набиева (Хатлон-2)
Вазни 75 кг
1.Азиза Бердиева (Душанбе-1)
2.Малика Нозимова (Хатлон-2)
Миёни мардон
Вазни 48 кг
1.Меҳрон Шафиев (Душанбе-1)
2.Аслиддин Бухориев (Хатлон-2)
3.Самиаллоҳ Қаюмзода (Хатлон-2)
3.Ҳусайн Диловаров (ВМКБ)
Вазни 51 кг
1.Фирдвас Орипов (ВМКБ)
2.Меҳроҷиддин Баротов (Хатлон-2)
3.Саъдулло Раҳимов (Хатлон-2)
3.Меҳроб Ҳомидов (Душанбе-1)
Вазни 54 кг
1.Изатулло Алиев (Душанбе)
2.Даврон Шокиров (Суғд)
3.Зоир Сафаров (Хатлон-2)
3.Шоҳрух Шарифзода (Душанбе-1)
Вазни 57 кг
1.Хусравхон Раҳимов (Суғд)
2.Зиёвуддини Баҳриддин (Хатлон-2)
3.Бузургмеҳр Иксанов (Душанбе)
Вазни 60 кг
1.Акмал Убайдон(Душанбе)
2.Меҳроҷ Зоидов (Суғд)
3.Акрамшо Муминшоев (ВМКБ)
3.Абубакр Муродзода (Хатлон-2)
Вазни 63,5 кг
1.Файзалӣ Ғуломов (Душанбе-1)
2.Некрӯз Ғайбуллоев (Хатлон-1)
3.Баҳодур Усмонов (Душанбе)
3.Ҷамшед Ғафуров (Суғд)
Вазни 67 кг
1.Шуҳрат Саломатов (ВМКБ)
2.Сино Собиров (ШНТМ)
3.Муҳаммадиқбол Ҷумазода (Суғд)
3.Абуғаффор Ваҳобов (Суғд)
Вазни 71 кг
1.Шаҳобҷон Шукуров (ШНТМ)
2.Муродҷон Ашӯралиев (Суғд)
3.Олимҷон Хуҷаназаров (ВМКБ)
3.Хуршед Усувалиев (Душанбе)
Вазни 75 кг
1.Бахтиёр Мирзомуҳаммад (Душанбе)
2.Усмонҷон Қаюмов (Суғд)
3.Толиб Мингбоев (ШНТМ)
3.Суҳроб Назаров (Хатлон-2)
Вазни 80 кг
1.Абдумалик Болтаев (ШНТМ)
2.Шаҳбоз Ҳаитов (Суғд)
3.Шаҳриёр Солиев (Хатлон-2)
3.Муҳаммадраҷаб Шарипов (ШНТМ)
Вазни 86 кг
1.Аҳмадҷон Саидов (Душанбе)
2.Асрорхуҷа Ризоев (ШНТМ)
3.Фазлиддин Комилов (Хатлон-2)
Вазни 92 кг
1.Парвиз Каримов (Душанбе)
2.Ҳайдар Сангаков (Хатлон-2)
Вазни +92 кг
1.Парвиз Аҳмедов (Душанбе)
2.Амирбек Ҷурабоев (Суғд)
3.Умед Ҳамроев (ШНТМ)
3.Ҳайдархон Самадов (Суғд)