Ғолибони мусобиқаи гӯштини тарзи озод муайян шуданд

Ғолибони мусобиқаи гӯштини тарзи озод муайян шуданд

Бо мақсади муайян намудани дастаи мунтахаби кишвар оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллуди 2002-2004-уми муассисаҳои тайёрии варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ин риштаи варзиш баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки воқеан ҳам гӯштини тарзи озод яке аз намудҳои гӯштинест, ки дар байни наврасон ва ҷавонони мамлакат маҳбубияти хоса дошта, шумораи зиёди варзишгарони наврасу ҷавон дар ин риштаи варзиш машқу тамрин мекунад. Дигар баромадкунандагон иброз доштанд, ки дар баробари баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва дӯстиву рафоқат миёни варзишгарон дар ҷамбаст аз миёни ин наврасон чеҳраҳои нави варзишро дарёфт карда ба дастаи якачини мамлакат шомил менамоянд. Мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз идома мекунад, ки дар рӯзи аввал варзишгарон аз рӯи 5 вазн неруозмоӣ мекунанд.

Зимнан дар ин мусобиқа варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳам омада баҳри дарёфти роҳхат ба мусобиқаҳои байналмиллалӣ талош меварзанд. Бинобар иттилоъи сардовари мусобиқа аз рӯи маҷмуи медалҳои бадастоварда дастаи Душанбе 1 соҳиби мақоми аввал, варзишгарони дастаи Хатлон-2 соҳиби ҷои 2-юм ва дастаи Душанбе-2 ҷои сеюмро ба даст оварданд. Дар фарҷоми ин тадбири варзишӣ ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо нишону дипломи кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб шарафёб гардиданд. Беҳтарин варзишгарони мусобиқа ба дастаи якачини мамлакат шомил шуда ба мусобиқоти байналмилалӣ омодагӣ мегиранд.