Ғолибони рӯзи охири Ҷоми Президенти ҶТ дар Данғара муайян шуданд

Ғолибони рӯзи охири Ҷоми Президенти ҶТ дар Данғара муайян шуданд

Имрӯз, дар ноҳияи Данғара мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.  Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудокорон аз рӯи вазнҳои 81, 90, 100 ва ҷамъи 100 кг барои ба даст овардани нишонҳои ифтихории мусобиқа талош варзиданд. Дар мусобиқа паҳлавонон аз қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои ба мо ҳамсояву ҳамҷавор ширкат карданд.

Ғолибону ҷоизадорон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум бо 27 500 сомонӣ, ҷои дуюм бо 16 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм   бо 11 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Шукуҳу шаҳомати мусобиқаи имсола дар ноҳияи Данғара дар сатҳи олӣ  буд ва ҳаводорону ҷудокорони зиёдеро ба масофи ҳам овард. 

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81кг, -90 кг, -100 кг, +100кг ва 3 вазн миёни занон: -52 кг, -57кг ва -63 кг баргузор гардид.

Ғолибони рӯзи дуюми Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазни -81 кг

1. Ҳикматулло Тӯраев (Ӯзбекистон)

2. Гаҷимурод Умаров (AIN)

3. Маҳдӣ Фатиҳпурадал (Эрон)

3. Сунатулло Лоиқов (Тоҷикистон)

Вазни -90 кг

1. Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон)

2. Шодмон Ризоев (Тоҷикистон)

3. Акмал Муродов (Тоҷикистон)

3. Умар Расулов (Тоҷикистон)

Вазни – 100 кг

1. Шермуҳаммад Чондриев (Ӯзбекистон)

2. Руфот Худаков (Ӯзбекистон)

3. Субҳон Юсупов (Тоҷикистон)

3. Фирдавс Насимов (Тоҷикистон)

Вазни + 100 кг

1. Бекмурод Олтибоев (Ӯзбекистон)

2. Шоҳрух Усмонов (Ӯзбекистон)

3. Атомурод Худойбердиев (Ӯзбекистон)

3. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)