Ғолибони рӯзи якуми Ҷоми Президенти ҶТ дар Данғара муайян шуданд

Ғолибони рӯзи якуми Ҷоми Президенти ҶТ дар Данғара муайян шуданд

Имрӯз, дар ноҳияи Данғара мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар рӯзи якуми мусобиқа ҷудокорон аз рӯи вазнҳои 60, 66, 73 кг миёни мардон ва 52, 57, 63 кг миёни бонувон нерӯсанҷӣ карданд.

Пагоҳ, дар рӯзи охири мусобиқа рақобатҳо зери вазнҳои то 81, 90, 100 ва ҷамъи 100 кг доир мегарданд. Дар мусобиқа паҳлавонон аз қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои ба мо ҳамсояву ҳамҷавор ширкат доранд.

Ғолибону ҷоизадорон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум бо 27 500 сомонӣ, ҷои дуюм бо 16 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм   бо 11 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81кг, -90 кг, -100 кг, +100кг ва 3 вазн миёни занон: -52 кг, -57кг ва -63 кг баргузор мегардад.

Ғолибони рӯзи якуми Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мардон

Вазни -60 кг

1.Меҳрзод Суфиев (Тоҷикистон)

2. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Тоҷикистон)

3. Раҳмон Ҷумаев (Ӯзбекистон)

3.Мустафо Нуров (Тоҷикистон)

Вазни -66 кг

1.Шаҳбоз Саидабуроров (Тоҷикистон)

2.Сарвар Абдушукуров (Тоҷикистон)

3. Суҳроб Боқиев (Тоҷикистон)

3.Азамат Ёқубов (Тоҷикистон)

Вазни - 73 кг

1. Абубакр Боқиев (Тоҷикистон)

2. Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)

3. Саидраҳмон Қодиров (Тоҷикистон)

3.Муҳаммадраҳим Сарахонов (Тоҷикистон)

Бонувон

Вазни -52 кг

1. Сита Қадамбоева (Ӯзбекистон)

2.Аҳлия Муминова (Тоҷикистон)

3. Саёҳат Холназарова (Тоҷикистон)

3. Мадина Қурбонзода (Тоҷикистон)

Вазни -57 кг

1. Нилуфар Эрманбетова (Ӯзбекистон)

2. Кан Александра (AIN)

3. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)

3. Рӯзафсун Бекназарова (Тоҷикистон)

Вазни -63 кг

1. Ҷонона Назарова (Тоҷикистон)

2. Мавлуда Одинаева (Тоҷикистон)

3. Ҷудокор аз Афғонистон