Ғолибону ҷоизадорони 16-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян шуданд

Ғолибону ҷоизадорони 16-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян шуданд

Субҳ имрӯз, 18-уми апрел бахшида ба 102 солагии Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-умин Ниммарафони байналмилалии Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе варзишгарон аз кишварҳои мухталиф, шаҳрҳои бо Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта, ҳунару малакаи хешро нишон доданд. Имсол дар чорабинӣ варзишгарони зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон ширкат намуда, ғолибон бо туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Ниммарафони байналмилалӣ масофаи 21 километру 97, 5 метрро ташкил дода, аз майдони назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз шуда, боз дар ҳаминҷо ба анҷом расид.

МИҲД-и шаҳри Душанбе барои баргузории Ниммарафон аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 500 000 сомонӣ ҷудо кардааст. Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол карданд, бо ҷоизапулии ҷойи якум – 33 250 сомонӣ, ҷойи дуюм – 28 500 сомонӣ, ҷойи сеюм – 23 700 сомонӣ, ҷойи чорум – 14 250 сомонӣ, ҷойи панҷум – 12 350 сомонӣ, ҷойи шашум – 9 500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, ба варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 8 км давиданд, барои ҷойи якум 7 700 сомонӣ, ҷойи дуюм – 5500 ва ҷойи сеюм 3 300 сомонӣ тақдим гардид. Миёни варзишгарони маҳаллӣ низ ғолибон қадрдонӣ шуданд. 

Дар мусобиқаи имсола, Нурсултон Кенешбеков аз Қирғизистон аввалин шуда, миёни мардон ба марра расид. Ин масофаро Нурсултон дар 1:04,40 сония давида, ғолиб шуд. Соли гузашта, ҳамин масофаро бо нишондоди 1:04,11 сония Шоҳрух Давлатов аз Ӯзбекистон давида, якум шуда буд. Имсол бошад, Шоҳрух ҳамин масофаро дар 1:06, 06 сония тай карда, панҷум шуд. Шоҳрух Давлавтов қаҳрамони секартаи мусобиқаи мазкур дар шаҳри Душанбе мебошад. Батиршин Эдуард аз Русия  бо нишондоди 1:05, 07 сония ва Тирунеҳ Кинду Севмеҳон аз Ҳабашистон бо нишондоди 1:05,12 сония ба марра расида, соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Қобилҷон Яқинов аз миёни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, ба марра расид. Дар умум варзишгари тоҷик бо нишондоди 1:12,13 сония 13-ум шуд. Давандаи дигари мо Меҳроб Одинаев 15-умин шуда, бо нишондоди 1:12,55 сония ба марра расид. Меҳроб ду сол пеш шашумин шуда, ба нуқтаи ниҳоӣ расида буд ва 3 сол мешавад, ки дар қатори шашгонаи беҳтаринҳо мавқеъ гирифта наметавонад.

Миёни бонувон Дема Айелу Лема аз Ҳабашистон бо нишондоди 1:15,34 сония якум шуд. Марҷона Ахмадалиева аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:17,14 сония дуюм ва Мария Коробитская бо нишондоди 1:17,36 сония аз Қирғизистон сеюм шуданд. Дар мусобиқаи соли гузашта, Екатерина Тингускова аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:18,31 сония якум шуда буд, ки натиҷаи мусобиқаи имсола аз гузашта дида беҳтар аст.

Дар мусобиқаи соли гузашта, Раҷабмо Абдуллоева 12-ум ва Маҳина Баротова 16-ум шуда, аз кишвари мо миёни бонувон ба марра расида буданд. Дар мусобиқаи имсола, Раҷабмо Абдуллоева бо нишондоди 1:29, 49 сония панҷумин шуда, ба марра расид. Давандаи дигари кишвари мо Нигора Акрамзода бо нишондоди 1:37,16 сония шашумин шуд.

Миёни варзишгарони маҳаллӣ аз кишвари мо Қобилҷон Яқинов (1:12,13) якум, Меҳроб Одинаев (1:12,55 ) дуюм ва Умедҷон Қурбонзода (1:13,12) сеюм, миёни мардон ва миёни духтарон Марҷона Маҳкамова (1:39,34) якум, Маҳина Баротова (1:42,55) дуюм ва Зӯҳрои Шамсулло (2:10,27) сеюм шуданд.

Дар Масофаи 8 км миёни варзишгарони ҳаваскор Муҳаммад Саидов медали тилло, Асомиддинов медали нуқра, Солеҳ Саидов медали биринҷӣ миёни мардон ва миёни духтарон Ганҷина Раҳмонова медали тилло, Судоба Махкамзода медали нуқра ва Жасмина Розиқова медали биринҷӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Ғолибони Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе (солҳои 2010-2026)

Мардон:

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Руия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Ҳабашистон)

2018 – Тефера Гоза (Ҳабашистон)

2019 – Фенте Ҷирма (Ҳабашистон

2021 – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

2022- Ту Лезарус (Кения)

2023 - Шоҳрух Давлатов   (Ӯзбекистон)

2024-Виталий Шафа (Украина)

2025 - Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

2026 - Нурсултон Кенешбеков (Қирғизистон)

Занон:

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022- Теку Бкелу Абеб (Ҳабашистон)

2023 - Тунгускова Екатерина (Ӯзбекистон)

2024 - Азизахон Мирзоакбарова (Ӯзбекистон)

2025 -Екатерина Тингускова (Ӯзбекистон)

2026- Дема Айелу Лема (Ҳабашистон)