Олимпиадаи шоҳмот 2024: Ҳиндустон ба дубли тиллоӣ ноил шуд

Олимпиадаи шоҳмот 2024: Ҳиндустон ба дубли тиллоӣ ноил шуд

Мунтахаби Ҳиндустон Олимпиадаи 45-уми шоҳмотро бо ғалаба бар Словения бо ҳисоби 3,5—0,5 анҷом дода, бо натиҷаи умумии 21/22,  чор хол бештар аз довталабони наздиктарини худ ҷои якум гирифт.

Дастаи ИМА ба туфайли пирӯзӣ бар тими Чин бо ҳисоби 2,5 бар 1,5 медалҳои нуқра ба даст овард ва Узбекистон бошад бо ҳамин ҳисоб Фаронсаро шикаст дода, дар ҷои севум қарор гирифт. Дастаҳои Чин, Сербия ва Арманистон низ 17/22 холҳои даставӣ ба даст овардаанд, вале аз рӯи  нишондодҳои иловагӣ ақиб монданд.

Олимпиадаи 45-уми шохмот миёни бонувон низ бо ғалабаи дастаи Ҳиндустон (19/22 хол) анҷом ёфт. Мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 18/22 мақоми дувум ва тими ИМА аз рӯи нишондодҳои иловагӣ аз Испания, Арманистон ва Гурҷистон, ки низ 17/18 холӣ гирифтаанд, пеш гузашта, мақоми сеюмро касб кард.

Дастаҳои Ҳиндустон индустон инчунин барои бехэҳтарин баромади тимҳои мардонаю занона, ки чун унвони Нона Гаприндашвили ном бурда мешавад, мукофот гирифтанд. Онҳо инчунин дастоварди охирини Чинро дар соли 2018 такрор намуда, дар ҳарду намуди сабқатҳои тилло ба даст оварданд.