Олмон ғолиби мусобиқаи United Cup – 2024

Олмон ғолиби мусобиқаи United Cup – 2024

Мунтахаби Олмон оид ба теннис ғолиби мусобиқаи United Cup – 2024 гардид. Дар финали мусобиқот олмонҳо бар тими Лаҳистон бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуданд. Дар муваффақияти Олмон нақши калидиро қаҳрамони Олимпиадаи соли 2020 - Александр Зверев бозид.

Теннис. United Cup – 2024. Финал. Олмон – Лаҳистон (2-1)

Анжелика Кербер (Олмон) – Ига Свёнтек (Лаҳистон) – 3:6, 0:6.

Александр Зверев (Олмон) – Ҳуберт Ҳуркач (Лаҳистон) – 6:7 (3:7), 7:6 (8:6), 6:4.

Лаура Зигемунд/Александр Зверев (Олмон) – Ига Свёнтек/Ҳуберт Ҳуркач (Лаҳистон) – 6:4, 5:7, [10:4].

Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизаи умумии мусобиқа дар Австралия 10 000 000 долларро ташкил дод. Ин мусобиқаи намоишӣ нест, барои он ҳам дар рейтинги ATP ва ҳам WTA холҳо дода мешаванд. Соли гузашта, дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби ИМА оид ба теннис ғолиб шуда буд. Дар финал ИМА бар Италия пирӯз шуда буд.