Олмон - Шотландия: кай ва дар куҷо бозии ифтитоҳии Евро -2024-ро мустақим тамошо кардан мумкин аст

Дастаҳои мунтахаби Олмон ва Шотландия бозиҳои ифтитоҳии Евро -2024-ро анҷом медиҳанд. ТВ “Варзиш” маълумотро дар бораи он, ки шумо метавонед ин бозиро дар куҷо ва кай тамошо кунед, омода кардааст.
Олмон - Шотландия: он чизеро, ки шумо дар бораи бозӣ донед
Тими миллии Олмон кишвари мизбони мусобиқоти кунунии Евро мебошад. Онҳо дар як гурӯҳ бо Шотландия, Маҷористон ва Швейтсария бозӣ мекунанд. Пеш аз ин мусобиқа Олмон танҳо бозиҳои дӯстона анҷом медод. Гузашта аз ин, Бундестим тирамоҳи соли 2023 сармураббиашро иваз кард. Пас аз шикасти 1:4 аз Ҷопон, роҳбарияти даста тасмим гирифт, ки Ҳанси Фликро аз кор озод кунад ва ба ҷои он Юлиан Нагелсманнро ба кор гиранд. Таҳти раҳбарии ӯ Олмон чаҳор бор пирӯз шуд, ду маротиба мусовӣ ва се бор мағлуб шуд. Чанде пеш аз оғози мусобиқаи Евро -2024, омониҳо дар бозиҳои рафиқона бо Украина мусовӣ (0:0) ва бар Юнон ғалаба (2:1) намуданд.
Шотландия дар марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо дар ҷои дуюм қарор гирифт. Даста дар 8 бозии даври интихобӣ 17 имтиёз гирифта, аз пешсаф 4 имтиёз ақиб монд. Ҳоло онҳо дар як гурӯҳ бо Олмон, Маҷористон ва Швейтсария бозӣ мекунанд. Қабл аз Евро Шотландия бо Гибралтар (2:0) ва Финландия (2:2) ду бозии дӯстона анҷом дод ва пеш аз ин ду бохт: аз Ҳолланд (0:4) ва Ирландияи Шимолӣ (0:1) бохт.
Олмон - Шотландия: бозӣ кай ва дар куҷо баргузор мешавад?
Нахустин бозии Чемпионати Аврупо -2024 оид ба футбол миёни Олмон ва Шотландия рӯзи ҷумъаи 14 –уми июн баргузор шуда, соати 23:45 дақиқа ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Ин бозиро шореҳи мо Бобо Холмуродзода шарҳу тавзеҳ медиҳад ва ТВ “Варзиш” ба таври мустақим ин вохӯриро намоиш медиҳад.
Клемент Турпини фаронсавӣ довари асосии вохӯрӣ таъин шуда, ба ӯ Николас Дано ва Бенҷамин Пагет дар канорҳо кӯмак мекунанд. Жером Брисард роҳбарии VAR хоҳад буд, ки ба он Вилли Делаго ва Массимилиано Иррати итолиёвӣ кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Франсуа Летексиер аст.