Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни наврасон дар Қатар ҷараён дорад
Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни наврасони то 17-сола, ки дар он тими наврасони Тоҷикистон ширкат дорад, 3-юми ноябр дар Қатар шуруъ гардид.
Дар мусобиқа 48 дастаи беҳтарини ҷаҳон иштирок доранд. Дастаҳо ба 12 гурӯҳ тақсим шудаанд ва аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, инчунин чор дастаи ҷои сеюм, ки натиҷаи беҳтар ба даст меоранд, ба марҳалаи 1/16-ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “I” бо тимҳои Чех (5-уми ноябр), Штатҳои Муттаҳидаи Амрико (8-уми ноябр) ва Буркина Фасо (11-уми ноябр) бозӣ мекунад.
Аллакай дар ҳашт гурӯҳ бозиҳои даври аввал доир гаштанд. Дар гурӯҳи “А” Африқои Ҷанубӣ бар Боливия (3:1), Италия бар Қатар (1:0), дар гурӯҳи “В” Ҷопон бар Марокаш (2:0), Португалия бар Каледонияи Нав (6:1), дар гурӯҳи “D” Аргентина бар Белгия (3:2), Тунис бар Фиҷӣ (6:0), дар гурӯҳи “Е” Миср бар Ҳаити (4:1), Венесуела бар Англия (3:0), дар гурӯҳи “F” Швейтсария бар Котдиувар (4:1), Кореяи Ҷанубӣ бар Мексика (2:1), дар гурӯи “G” Кореяи Шимолӣ бар Эл Салвадор (5:0), дар гурӯҳи “Н” Бразилия бар Ҳондурас (7:0), Замбия бар Индонезия (3:1) ғалаба карданд.
Ду бозӣ дар гурӯҳи “С” миёни тимҳои Костарика – АМА (1:1), Сенегал – Хорватия (0:0) ва як бозӣ дар гурӯҳи “G” миёни тимҳои Олмон – Колубия (1:1) мусовӣ анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дастаи то 17 солаи Тоҷикистон имрӯз бо тими Чехия нерӯ месанҷад. Бозӣ дар майдони 8-и «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа доир гашта, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Қаҳрамони феълии мусобиқа мунтахаби то 17 солаи Олмон маҳсуб мешавад, ки дар финал Фаронсаро шикаст дод. Бозиҳоро соли 2023 Индонезия мизбонӣ карда буд.