Ҷоми ҷаҳонии соли 2034, эҳтимол соли 2035 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад

Ҷоми ҷаҳонии соли 2034, эҳтимол соли 2035 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад

ФИФА метавонад баргузории Ҷоми ҷаҳонии соли 2034-ро бинобар сабаби моҳи Рамазон ба моҳи январи соли 2035 мавқуф гузорад. Дар ин бора The ​​Athletic хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ФИФА метавонад қарор қабул кунад, ки Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки бояд зимистони соли 2034 дар Арабистони Саудӣ баргузор шавад, ба таъхир гузошта шавад. Сабаб ин аст, ки моҳи мубораки Рамазон ба моҳҳои ноябр ва декабри соли 2034 рост меояд.

Ҷоми ҷаҳонии соли 2034 дар фасли тобистон баргузор намешавад, зеро ҳарорати ҳаво дар Арабистони Саудӣ дар ин фасл метавонад то +52°C расад. Қаблан ФИФА ҳамин сабабро дар соли 2022 низ ба назар гирифта, Ҷоми ҷаҳонро дар Қатар фасли зимистон баргузор карда буд. Он мусобиқа аз 20-уми ноябр то 18 –уми декабри соли 2022 баргузор шуд.

Ҳамин тавр, Ҷоми ҷаҳонии соли 2034 метавонад аввалин мусобиқаи таърих гардад, ки дар соли тоқ (ғайриҷуфт) баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки Ҷоми ҷаҳон дар Арабистони Саудӣ дар 15 варзишгоҳ ва дар панҷ шаҳри кишвар Риёз, Ҷидда, Абҳа, Ал-Хубар ва Неом (шаҳри наве, ки ҳоло дар шимолу ғарби кишвар сохта мешавад) баргузор мешавад. Тибқи нақша, варзишгоҳи Неом дар баландии 350 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир хоҳад шуд ва ба он танҳо тавассути лифтҳои баландсуръат ва мошинҳои бидуни ронанда расидан мумкин мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2026 дар ИМА, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Барои аввалин бор дар таърих, дар ин мусобиқа 48 даста ширкат хоҳад кард. Дар назар аст, ки дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2030, 64 тими мунтахаб ширкат варзанд.