Ҷоми қаҳрамонии Лигаи якуми Тоҷикистон ба бошгоҳи “Парвоз” тақдим гардид

Ҷоми қаҳрамонии Лигаи якуми Тоҷикистон ба бошгоҳи “Парвоз” тақдим гардид

22-юми декабр дар «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти фаъолияти Федератсияи футболи вилояти Суғд дар соли 2025 доир гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ширкат варзиданд.

Дар аснои маросими мазкур ноиби президенти Федератсияи футболи Точикистон Сайвалӣ Дониёрзода бобати вазъи молиявию инфрасохтории футболи вилоят сухан гуфта, афзуд, ки барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои молиявӣ, инфрасохторӣ, моддию техникӣ ва иштироки фаъоли дастаҳои футболи кӯдакону наврасон, бонувон, футзал, клубҳои футболи касбии вилоят, ҷалб ва тарбияи доварони ҷавон аз ҷониби масъулин тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ ба бошгоҳи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд медалҳои тиллоӣ ва Ҷоми қаҳрамонии Лигаи якум дар соли 2025 тақдим гардид.