Ҷоми дастаи “Истиқлол” оғоз мегардад!

Ҷоми дастаи  “Истиқлол”  оғоз мегардад!

Дар нимаи моҳи август мусобиқаи анъанавии футболи хурд барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» оғоз мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе хабар додааст.

Дар мусобиқоти навбатии Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол”, ки бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, дастаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳои тамоми намуди моликият метавонанд ширкат варзанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи ниҳоии мусобиқот 30 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳад кард. Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад.

Беҳтарин бозингарон бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Маблағи пардохт барои ширкат дар мусобиқа 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар мусобиқа бозигарони ҳирфаӣ, ки дар лигаҳои олӣ, якум ва дуюм, инчунин дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ ва лигаи касбии футзали кишвар бозӣ мекунанд, иштирок карда наметавонанд. Агар чунин бозигарон муайян карда шаванд, даста аз иштирок дар мусобиқа хориҷ карда мешавад.

Пироҳанҳои дастаҳо бояд ба қоидаҳои бозӣ ҷавобгу буда, рақамгузорӣ карда шаванд. Бозингарони синнашон аз 25-сола боло (1998) барои ширкат дар ин мусобиқа иҷозат дода мешаванд. Ба рӯйхати дархостҳо ворид намудани на бештар аз 15 (понздаҳ) бозигар, илова бар он сармураббӣ иҷозат дода мешавад. Дархостҳо барои ширкат дар мусобиқа то 10 август қабул карда мешаванд. Кумитаи тадорукоти Ҷоми дастаи “Истиқлол” ҳамаи дастаҳои хоҳишмандро барои иштирок дар Ҷоми тими “Истиқлол” даъват менамояд!

Барои маълумоти бештар метавонед ба рақамҳои зерин занг занед: 93 390 3167, 904572007, 904999449, 300097777.