Ҷоми КФО-2022: «Хуҷанд» бо дастаи «Копетдаг» вомехӯрад

Ҷоми  КФО-2022: «Хуҷанд» бо дастаи  «Копетдаг» вомехӯрад

Ноибқаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи футболи «Хуҷанд» дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «F» имрӯз, 24-уми июн бо барандаи Ҷоми Туркманистон тими «Копетдаг»-и Ашхобод бозӣ мекунад.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Пахши мустақими бозиро шабакаи телевизионии «Варзиш» ба роҳ мемонад.

Дар бозии имрӯза ба дастаамон муваффақият таманно дорем!

Ҷоми КФО-2022

Гурӯҳи «F». Даври 1

24 июн (ҷумъа)

Оғоз – соати 19:00 ба вақти Душанбе

 «Копетдаг» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

#ACC2022 #AFCCup2022 #FCKhujand