Ҷоми Осиё 2024 оид ба футбол миёни мунтахабҳои олимпиро кадом кишвар мизбонӣ мекунад?

Ҷоми Осиё 2024 оид ба футбол миёни мунтахабҳои олимпиро кадом кишвар мизбонӣ мекунад?

Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар ҷаласаи панҷуми худ, ки 30 сентябр дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд, Қатарро ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2024 миёни ҷавонони то 23-сола тавсия кард.

Пас аз як раванди ҳамаҷонибаи арзёбии дархостҳо Қатар, ки моҳи ноябри соли равон мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2022 хоҳад буд, аз байни панҷ довталаб - Эрон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Узбекистон мизбони Ҷоми Осиё-2024 интихоб гардид. Дар Ҷоми Осиё-2024 се дастаи беҳтарин ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат мегиранд. Инчунин як дастаи дигар барои роҳхати чорум дар бозии байниқитъавӣ талош мекунад.

Бо дарназардошти коҳиш ёфтани таъсири пандемия дар саросари Осиё, Кумитаи мусобиқот ба Кумитаи иҷроияи КФО тавсия дод, ки амали Қоидаҳои махсуси марбут ба мусобиқаҳои КФО  дар давраи пандемияи Ковид-19-ро аз соли 2023 қатъ кунад.

Барои эътибор пайдо кардани тавсияҳо қарорҳо бояд аз ҷониби Кумитаи иҷроияи КФО тасдиқ карда шаванд.