Ҷоми Русия ин мавсим ба шаҳри Маскав меравад

Ҷоми Русия ин мавсим ба шаҳри Маскав меравад

“Спартак”-и Москва мизбони бозии дар пешистодаи финали “Ҷоми Русия” бо дастаи “Динамо” интихоб шуд.  Дар ин бора дафтари матбуотии мусобиқа хабар додааст.

Ёдовар мешавем , ки вохӯрии ин ду бошгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29 –уми май  соати 19:00 ба вақти Душанбе дар   варзишгоҳи “Лужники” доир мешавад..

“Спартак” дар даври 1/8 - ниҳоии Ҷоми Русия муқобили дастаи “Кубан”-и шаҳри Краснодар бо натиҷа 6 бар 1 ғалаба ба даст овард. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ тими “ССКА”-ро бо ҳисоби 1 бар 0 ва дар марҳилаи ниманиҳоӣ  тими “Енисей”-ро бо натиҷаи 3 бар 0 аз сари роҳ дур карданд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ҳамчунин дастпарварони Паоло Ваноли дар марҳилаи 1/8- ниҳоӣ рақобатҳоро оғоз карданд, зеро онҳо дар мусобиқаҳои аврупоӣ ҳузур доштанд.

Бошгоҳи “Динамо” дар даври гурӯҳӣ рақобатҳоро оғоз карда, дар марҳилаи 1/8 – ниҳоӣ   тими “Нижний Новгород”-ро бо ҳисоби 3 бар 0, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ тими “Балтика”-ро аз рӯи силсила зарбаҳои 11-метра  ва дар марҳилаи ниманиҳоӣ бошгоҳи “Алания”-ро бо натиҷаи 3 бар 0 мувоҷеҳи шикаст намуданд.