Омодагии боксчиён ба чемпионати Тоҷикистон

Омодагии боксчиён ба чемпионати Тоҷикистон

Аз 23-юм то 26-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс миёни наврасон баргузор мегардад. Бо ҳамин мақсад як идда аз муштзанони навраси шаҳри Душанбе беш аз 1 моҳ аст, ки омодагӣ мебинанд.

Давоми як моҳ мешавад, ки дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 35-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як қатор муштзанони навраси пойтахт ба чемпионати кишвар оид ба бокс, ки баргузориаш рӯзҳои 23-юм ва 26-уми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст, омодагӣ мебинанд. Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур миёни варзишгарони солҳои таввалудашон 2004-2006 баргузор мешавад. Акмалҷон Абдуллоев - мураббии шоистаи кишвар талош дорад, то дастпарварони ӯ дар мусобиқаи дар пешистода яккачини шаҳри Душанберо арзанда намояндагӣ кунад. Зеро ба иқрори мураббӣ заҳмату талошҳои онҳо маҳз ба хотири иштирок дар чунин мусобиқаҳост. Рустам Ғафуров 14 сол дорад ва беш аз 7 сол аст, ки дар ин риштаи варзиш тамрин мекунад. Рустам дар баробари 3 карат қаҳрамони кишвар буданаш, ичунин иштирокчии чандин мусобиқаҳои байналмилалист. Дастоварди шоёни ин муштзани наврас аз мусобиқаҳои берун аз мамлакат ин медали биринҷии чемпионати Осиё Боку-2019 мебошад.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони синну солашон 2004 ва 2005 иштирок мекунанд. Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқаҳо ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии варзишгарон мебошад.