Омодагии ду бародар барои Бозиҳои Олимпӣ

Омодагии ду бародар барои Бозиҳои Олимпӣ

Варзишгарони риштаҳои гуногун дар вазъияти феълӣ тамринҳои худро дар алоҳидагӣ анҷом медиҳанд. Аз ҷумла ду муштзани урдунӣ, ки аз як оилаанд ва соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ шудаанд, дар болои боми манзил ба тамрин машғул мебошанд.

Ҳусейн ва Зеяд Ашиш, ки якбора ҳарду бародар роҳхат ба Бозиҳои Олимпиро ба даст овардаанд маҷбуранд ба хотири карантини Ковид-19 машқу тамринҳояшонро дар боми хонаҳо анҷом диҳанд. Ин ду бародар ба ҳангоми машқу тамринҳояшон ба тариқи онлайн бо истифода аз компютер ва телефон бо мураббиён дар тамос ҳастанд ва бо ин роҳ тавсияҳоро иҷро мекунанд.