Омодагии мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба Paris Grand Slam 2024 дар Сочи

Омодагии мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба Paris Grand Slam 2024  дар Сочи

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Русия дар шаҳри Сочи барои дастаҳои мунтахаби ҷудои хар ду кишвар ҷамъомади машқӣ таълимӣ доир карданд.

Ҷамъомади тамринӣ, ки 11-уми январ дар Маркази омодагии олимпии Сочи оғоз гардида буд , 18-уми январ анҷом меёбад. Ҷудокорон зери роҳнамоии мутахассисон Тамура Тори ва Фотеҳ Маҳмадбеков тамринҳоро доир карда истодаанд.

Ҷамъомади таълими-тамринӣ дар Сочи марҳилаи асосии омодагии тими мунтахаби кишвар ба Paris Grand Slam -2024 маҳсуб меёбад. Мусобиқаи мазкур аз 2-юм то 4-уми феврал дар шахри Парижи Фаронса баргузор мешавад.