Омори ғайриоддии Виллиан дар ПЛА

Омори ғайриоддии Виллиан дар ПЛА

Пас аз рафтани Эден Азар аз “Челси”, Виллиан ба ситораи асосии ин тим табдил ёфтааст. Мавсими 2019/20-ро яке аз мавсимҳои бобарор дар корномаи Виллиан номем низ хато нахоҳем кард. Чаро ки ин футболбози бразилӣ ин мавсим дар 33 бозӣ вориди майдон шуда, 9 гол ва 7 партофти головарро марбути номи хеш намудааст. Инчунин Виллиан дар партофтҳои дақиқ дар ПЛА ҳамто надорад. Виллиан ин мавсим барои ҳар як голи задааш 262 дақиқа сарф намудааст.