“Онои тоҷик” – Иброҳимҷон Элмуродов чӣ гуна дар пайроҳаи ҷудо муваффақ шуд

“Онои тоҷик” – Иброҳимҷон Элмуродов чӣ гуна дар пайроҳаи ҷудо муваффақ шуд

Иброҳимҷон Элмуродов 20 сол дорад. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе буда, ҳанӯз аз синни 10 солагӣ аз риштаи ҷудо тамрин мекунад. Имроҳимҷон аз хӯрдӣ ба варзиш меҳри амиқ дошту мудом кӯшиш мекард, ки оянда варзишгари касбӣ шавад, зеро амакаш Абдуҷаббор ва падараш Абдухалил - Элмуродовҳо паҳлавон буданд. Иброҳимҷон ҳам аз хурди пайравӣ падар буду ҳоло бо ба камол расиданаш, ҳамчун варзишгари касбӣ аз риштаи ҷудо зери вазнҳои -100 кг ва +100 кг дар мусобиқаҳо баромад мекунад ва сулолаи паҳлавонпарвари Элмуродовҳоро идома медиҳад.


Мураббии нахустини Иброҳимҷон – ин Рискиддин Раҷабов аст. Давоми беш аз 10 сол мешавад, ки зери роҳнамоии ин мураббии ботаҷрибаи тоҷик машқу тамрин мекунад ва ба дастовардҳои назаррас ҳам мушарраф гардидааст.



Иброҳимҷон Элмуродов қаҳрамони Тоҷикистон байни ҷавонон дар соли 2017, қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон миёни ҷавонон, ҷоизадори Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни калонсолон, ҷоизадори Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо дар соли 2021, барандаи нишони нуқраи Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо дар соли 2023, барандаи нишони нуқраи Ҷоми Осиё  миёни наврасон дар Тошканд соли 2017 , дорандаи нишони тиллои мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар соли 2023 миёни ҷавонон ва чандин ҷоизаҳои дигар дар мусобиқаҳои мухталиф  мебошад.



Дар соли 2023 Иброҳимҷон Элмуродов аллакай дуюмин ҷоизаашро дар мусобиқаҳои ҷудо ба даст овард. Дар Чемпионати имсолаи Тоҷикистон оид ба ҷудо Иброҳимҷон тавонист, ки то ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёбад ва дар финал аз Мансур Раҳмон дар миёни сангинвазҳо мағлуб шавад ва нишони нуқраи мусобиқаро соҳиб шавад.


Дар идома пас аз тамринҳои пайваста зери роҳнамоии мураббӣ Рискиддин Раҷабов ин ҷудокори ҷавону умедбахши кишвар бо ҳамроҳии 12 тан ҷудокори наврасу ҷавони кишвар аз ҷониби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасону ҷавонон равон карда шуд.

Дар ин мусобиқа, ки ҷудокорони наврасу ҷавонон ва бомаҳорати қораи Осиё ширкат варзиданд, Иброҳимҷон тавонист, ки миёни сангинвазнҳо дурахшиши хуб нишон диҳад ва аввалин нишони тиллоро дар мусобиқаи мазкур барои Тоҷикистон ба даст биёрад.

Иброҳимҷон Элмуродов миёни сангинвазнҳо дар мусобиқаи мазкур  дар даври аввал муқобили ҷудокори қазоқ -  Ардак Сериков  дастболо шуда, ба даври дуюми мусобиқа баромад ва он ҷо Жантилек Нуртилепулю аз Қазоқистонро шикаст дода, роҳашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор кард.  


Дар даври нимниҳоӣ Иброҳимҷон дар як рақобати сахту сангин муқобили Ҷавохир Муродиллаеви ӯзбек   дар вақти тиллоӣ бо усули "осаикоми" зафар ёфт ва дар финал бо Нурсултан Каблан аз Қазоқистон  нерӯсанҷӣ карда, дастболо шуд ва нишони заррини мусобиқаро ба гардан овехт.

Аз ин дастоварди ба дастоварда Иброҳимҷон хело хушҳол буд, чунки ӯ аввалин тиллоро дар мусобиқаҳои берун аз ҷумҳуриявӣ ба даст овард.


Иброҳимҷон миёни мухлисону ҳаводорони ҷудои меҳан бо тахаллуси “Онои тоҷик” шуҳратёр гардидааст. Агар шумо донед, Оно яке аз ҷудокорони беҳтарини сайёра зери вазни то 73 кг буда, аз кишвари ватандорони ҷудо Ҷопон аст. Ҳоло Оно дар ҷаҳони ҷудо корномаи варзишиашро ба анҷом расонидааст ва Иброҳимҷонро дар Тоҷикистон бо ин тахаллус мешиносанд.