Ҷонона Қурбонова корномаи футболбозиашро дар Олмон идома медиҳад

Бозигари мунтахаби бонувони Тоҷикистон - Ҷонона Қурбонова бо яке аз тимҳои кишвари Олмон - "MSV Duisburg 02" шартнома ба имзо расонида, фаъолияти варзишии худро онҷо идома медиҳад.
Қарордоди ҳамкории Қурбонова бо дастаи нав барои як мавсим баста шудааст, ки дар сурати нишон додани натиҷаи арзанда имкони тамдиди он мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷонона Қурбонова дар ҳайати тими бонувони футзали кишвар низ ҳунарнамоӣ карда, дар мусобиқаҳои CAFA аз худ дарак додааст.