Ҷопон аз риштаи ҷудо боз як нишони тилло ба даст овард

Ҷопон аз риштаи ҷудо боз як нишони тилло ба даст овард

Имрӯз, дар шаҳри Токиои Ҷопон рақобатҳои ҷудо дар вазни -70кг миёни бонувон баргузор шуданд. Дар ин вазн зури касе ба ватандори ҷудо Тидзуру Араи 27 сола нарасид. Ин ҷудобонуи ҷопонӣ бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардид. Ӯ дар финал намояндаи Австрия - Михаэла Поллересро дучори бохт кард. Нишонҳои биринҷии ин вазнро Мадина Таймазова (Россия) ва Санне ван Дейке (Нидерланд) соҳиб шуданд. Хотиррасон мекунем, ки ин 6-умин нишони тиллои ҷудочиёни ҷопонӣ дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020

Ҷудо, бонувон, -70кг

Тидзуру Араи (Ҷопон)

Михаэла Поллерес (Австрия)

Мадина Таймазова (Россия)

Санне ван Дейке (Нидерланд)