Ҷопон бо мушкили барои роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ Индонезияро аз сари роҳ дур кард

Ҷопон бо мушкили барои роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ Индонезияро аз сари роҳ дур кард

Дар бозии дуюми  марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал мунтахабҳои Ҷопон ва Индонезия андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо  дар маҷмааи варзишии “Саъд ал Абдулло” доир шуда, бо натиҷаи 3 бар 2 ба фоидаи Ҷопон  хотима ёфт.

Индозезия зери роҳнамоии мутахассиси эронӣ – Муҳаммад Ҳошимзода  бозиеро дар қисми дуюми рақобат муқобили Ҷопон нишон дод , ки арзандаи пирӯзӣ  буд. Мунтахаби Ҷопон аз муддаиёни мусобиқаи мазкур маҳсуб мешавад ва чунин бозиро ҳам аз Индонезия мунтазир набуд. Воқеан ҳам Индонезия пас аз 8 сол дигарбора дар аввалин иштирокаш дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё натиҷаи хуб нишон дод. Ҷопон бошад, бо ин ғалаба пас аз мунтахаби Эрон роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор кард.  

Голҳоро  дар ҳайати мунтахаби Ҷопон – Сора Каназава, Ҳигор Пирес ва Сома Мизутани ба самар расониданд. Ду голи мунтахаби Индонезияро Самуел Еко ва Дева Ризки  марбути номи хеш карданд.

Мунтахаби Индонезия  пас аз бохт аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Мунтахаби Ҷопон бошад,  дар даври нимниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ӯзбекистон  ва Кувайт  сабқат мекунад.

Бозии даври нимниҳои рӯзи 6-уми октябр доир мегардад.