ОСА як сол то Бозиҳои Осиё-2022-ро ҷашн гирифт

ОСА як сол то Бозиҳои Осиё-2022-ро ҷашн гирифт

Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) дар маросиме, ки рӯзи 10 сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, дар таҷлили як сол то 19-ум Бозиҳои Осиё ширкат кард. Маросим, дар Маркази олимпии Ҳангжоу аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё - Ҳангжоу баргузор шуд.

Директори генералии OCA Ҳусайн Ал-Мусаллам варзишгарон ва кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиёро барои иштирок дар Ҳангжоу-2022 даъват карда, раиси Кумитаи ҳамоҳангсозии ОСА Раҷа Рандҳир Сингҳ паёми видеоӣ фиристод.

Раҷа Рандҳир гуфт, ки то 19-ум Бозиҳои Осиё, ки 10 сентябри соли 2022 кушода мешавад, танҳо як сол мондааст.

"Ду соли охир, бинобар пандемия, барои ҷаҳон осон набуд, махсусан барои омодагӣ ба бозиҳо, - гуфт Раҷа Рандҳир. - Аммо ба туфайли саъю кӯшиши якҷоя омодагӣ ба Ҳангжоу-2022 хеле хуб идома дорад, ки хеле шодам. Варзиш рамзи ваҳдат, устуворӣ ва далерист. Умедворам, ки Бозиҳои Осиё мардумро рӯҳбаланд мекунад ва ба онҳо нерӯ мебахшад, то бо пандемия мубориза баранд ва ба пеш ҳаракат кунанд - тавре шиори Ҳангжоу-2022 мегӯяд, "Аз дил ба дил, сӯи фардо". То 19-ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу ҳамагӣ як сол мондааст ва мо он лаҳзаеро бесаброна интизорем, ки ҳамаи мо метавонем дубора муттаҳид шавем. Умедворам, ки Бозиҳои XIX Осиё муваффақияти комил доранд ва ҳамаи варзишгарони ширкаткунанда ба натиҷаҳои назаррас ноил мешаванд”.

Маебаъ: http://olympic.tj/