Ҷошуа Зиркзее пас аз 364 рӯз дигарбора дар ПЛА гол зад
Ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” Ҷошуа Зиркзее бори аввал пас аз 364 рӯз дар Премйер-лигаи Англия гол зад. Дар бозии даври 13-ум муқобили “Кристал Пэлас” (2:1) Зиркзее ба задани гол ноил шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Селхерст Парк”-и Лондон баргузор шуд.
Аз ҳайати “Кристал Пэлас” дар дақиқаи 36-ум Жан-Филипп Матета аз пеналтӣ гол зад. Голҳои “Манчестер Юнайтед”-ро Ҷошуа Зиркзее дар дақиқаи 54-ум ва Мейсон Маунт дар дақиқаи 63-юм ба ҳадаф расониданд. Ҳарду паси головарро Бруно Фернандеш анҷом дод.
Барои Зиркзее ин аввалин гол дар мавсими 2025/26 дар Премйер-лига дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” мебошад. Зиркзее голи пешинаи худро рӯзи 1-уми декабри соли 2024 ба дарвозаи “Эвертон” (4:0) дар мавсими 2024/2025 зада буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамагӣ дар ҳисоби Ҷошуа Зиркзее 4 гол ва 2 паси головар дар 38 бозии ПЛА мавҷуд аст. “Манчестер Юнайтед” тобистони соли гузашта барои трансфери ӯ ба “Болоня” 42,5 миллион евро пардохт карда буд.