Ояндаи Арбелоа дар “Реал Мадрид” зери суол қарор дорад...

Ояндаи Арбелоа дар “Реал Мадрид” зери суол қарор дорад...

Сармураббии бошгоҳи “Реал Мадрид” Алваро Арбелоа метавонад пас аз анҷоми мавсими ҷорӣ вазифаи худро тарк кунад. Тибқи иттилои нашрияи AS, тақдири ӯ аз натиҷаҳои даста дар Лигаи чемпионҳои УЕФА вобаста аст.

Баъди бохт аз “Малйорка” (1:2) дар даври 30-юми Ла Лига мубориза барои унвони қаҳрамонӣ барои “Реал Мадрид” душвортар гардид. Ҳоло имкони боқӣ мондани Арбелоа дар мавсими оянда асосан ба баромади даста дар мусобиқаҳои аврупоӣ вобастагӣ дорад.

Ин бохт панҷумин шикасти Арбелоа дар 18 бозӣ дар ҳайати “Реал” буд. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти клуб кори ӯро дар дохили даста мусбат арзёбӣ мекунад. Мураббӣ тавонист фазои дастро бо бозигарони калидӣ, аз ҷумла Винисиус Ҷуниор, Ҷуд Беллингем ва Федерико Валверде беҳтар намояд ва ҳамзамон ба шогирдони академия имконият диҳад.

Бо ин вуҷуд, натиҷаи охирин таъсири манфӣ гузошта, пешрафти мусбати даста муваққатан боздошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз 30 даври чемпионати Испания “Реал Мадрид” бо 69 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад ва аз пешсаф — “Барселона”, 7 имтиёз қафо мондааст.

Ҳамчунин, даста дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи чемпионҳо бо тими “Бавария”-и шаҳри Мюнхен бозӣ мекунад.