Ояндаи Зидан дар “Реал” маълум шуд

Ояндаи Зидан дар  “Реал” маълум шуд

Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Зинедин Зидан ба қароре омадааст, ки дар охири мавсим дастаро тарк кунад, хабар медиҳад TeleMadrid. Аз рӯи иттилои манбаъ, мутахассиси 48 сола мехоҳад аз “Реал” равад, зеро зери фишори равонӣ ва ҷисмонии ин мавсим хаста шудааст. Сармураббӣ новобаста аз он, ки “Реал” қаҳрамони Испания мешавад ё не, хоҳиши тарки дастаро дорад.

Зидан “Реал Мадрид”-ро соли 2019 ба ӯҳда гирифт. Вай қаблан аз соли 2016 то 2018 клуби Мадридро мураббигӣ карда буд. Таҳти роҳбарии ӯ, Реал Мадрид 3 маротиба қаҳрамони Лигаи Қаҳрамонҳо ва 2 маротиба қаҳрамони Испания шуд. Дар мавсими ҷорӣ, “Реал” дар 36 давр 78 хол ба даст оварда, дар зинаи дуввум қарор дорад.