Оё Муҳаммад Наимов имконияти баромадан ба UFC-ро аз даст дод?

Оё Муҳаммад Наимов имконияти   баромадан ба UFC-ро аз даст дод?

Субҳи имрӯз, 16-уми сентябр дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи Амрико мусобиқаи "Dana White's Contender Series"      баргузор гардид. Дар он варзишгари тоҷик - Муҳаммад Наимов ва намояндаи Амрико - Коллин Энглин   барои роҳхати созмони UFC мубориза бурд.

Размгари маъруфи тоҷик Муҳаммад Наимов имконияти   ба UFC баромаданро аз даст дод.    Муҳаммад дар мусобиқаи "Dana White's Contender Series"     аз дасти   варзишгари 27 солаи америкоӣ Коллин Энглин мағлуб гашт. Муҳаммад Наимов дар нуҳсолагӣ ба таэквондо машғул шуда, баъдан ба кикбоксинг рӯ меорад. Бо гузашти чанд сол бо хоҳиши бобояш ба   муҳорибаҳои омехта мепайвандад. Дар ин навъи варзиш 5 маротиба ҳунарнамоӣ намуда, боре ҳам шикаст нахӯрда буд.

Набарди Наимов бо Коллин Энглин 3 раунд идома кард. Размгари тоҷик то охир бар муқобили ҳарифаш истодагарӣ кард. Вале варзишгари америкоӣ бо қарори доварон бо ҳисоби 29-28, 29-27 ва 29 бар 27 дастболо гардид. Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ Президенти созмон Дана Уайт ширкат дошт ва нафари ғолиб имкони дар UFC баромад карданро пайдо кард.