Оё шабакаҳои телевивизионии Русия Бозиҳои Олимпии солҳои 2026 ва 2028-ро намоиш медиҳанд ?

Оё шабакаҳои телевивизионии  Русия Бозиҳои Олимпии солҳои 2026 ва 2028-ро намоиш медиҳанд ?

Шабакаҳои телевизионии Русия имкони дарёфти ҳуқуқи пахши Бозиҳои Олимпии солҳои 2026 ва 2028-ро дар худ нигоҳ медоранд. Дар ин бора ТАСС  иттилоъ додааст.

Ёдовар мешавем ,ки қаблан дар расонаҳо хабаре паҳн шуда буд, ки  Кумитаи байналмилалии Олимпӣ (КБО) барои намоиши Бозиҳои Олимпӣ дар  Аврупо то соли 2026  “тендер” эълон карда, Русия ва Булоруссияро аз он пешакӣ хориҷ кардааст.

“Ҳамааш  ба ҷуз сафсате дигар чизи дигаре нест. Изҳороти КБО аз 24 – уми феврал инро  нодуруст шарҳ дода, ҳамчун хабар пешниҳод карда буд.  Дар ин бора КБО дигар ягон изҳороте надодааст.

Ҳуқуқҳои пахш  дар қаламрави Федератсияи Русия ҳамнӯз ба касе дода нашудааст ва танҳо ин та КБО рабт дорад. Лек Русия ба “тендер” роҳ меёбад ё не то ҳол мушаххас нест. Аммо то ҳол касе дархости Русияро ба “тендер” рад накардааст, ин ҷо танҳо “тендер” ба таъхир гузошта шудааст.”- гуфт манбаъ.