Оё Зидан фаъолияти мураббигии худро дар “Премйер Лига” идома медиҳад ?

Оё Зидан фаъолияти мураббигии худро дар “Премйер Лига” идома медиҳад ?

Футболбози маъруфи фаронсавӣ Зинедин Зидан аз нияти баргаштан ба кори мураббигӣ хабар дод. Мутахассиси фаронсавӣ се сол пеш аз симати сармураббии тими «Реал Мадрид» истеъфо дода буд ва аз он вақт инҷониб дар истироҳат аст. Нашрияи “L'Equipe” дар мавриди баргаштани Зинедин Зидан ба симати сармурабии “Манчестер Юнайтед” хабар дод.

Роҳбарияти “Манчестер Юнайтед”  аз кори мутахасиси ҳоландӣ дар оғози ин мавсим он қадар розӣ нестанд. Роҳбарияти “МЮ” бошад алакай ҷойгузини Тен Ҳагро пайдо карданд ва ин ҳам Зенидин Зидан мебошад.

Қаблан футболбози 52-солаи фаронсавӣ бояд ба симати сармураббии «Манчестер Юнайтед» таъйин мешуд,аммо ҷонибҳо ба мувоффиқа нарасида буданд.

Зидан қаҳрамони Ҷаҳон,Аврупо ва барандаи “Тӯби тиллоӣ” (1998) ва яке аз беҳтарин футболбозони таърих аст. Ҳамчун ба ҳайси сармураббӣ дар “Реал Мадрид” Ла Лига, Лигаи Чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳонии клубҳоро чандинбор соҳиб шадааст.