Ҷойгузини Милитао дар “Реал” ёфт шуд!?
Пас аз осеб бардоштани дарвозабон Тибо Куртуа боз дифоъгар Эдер Милитао ҷароҳати вазнин бардошт. Аз даст додани 2 бозигари калиди барои бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” албатта, ин як талафот аст. Ҷойгузини Куртуаро аз “Челси” роҳбарияти бошгоҳ пайдо карданд. Кепа Арисабалага ба таври иҷора ба бошгоҳи шоҳона ҳамроҳ шуд. Милитао то охири мавсим дар назар аст, ки ба майдон набарояд.
Ҳоло роҳбарияти бошгоҳи шоҳона дар ҷустуҷӯи ҷойгузини Эдер Милитао аст. Ҳоло дар “Реал Мадрид” се ҳимоятгари марказӣ Начо, Рюдигер ва Алаба боқӣ мондаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухлисон мунтазири дифоъгари марказии чаҳорум, дурусттараш бозгашти капитани афсонавӣ - Серхио Рамос ҳастанд. Худи Рамос дар шабакаҳои иҷтимоӣ Милитаоро барои ин осеб тасаллият дода, ба ӯ шифои комил хостааст.
Ёдовар мешавем, ки Серхио Рамос аз соли 2005 то 2021 дар бошгоҳи шаҳри Мадрид бозӣ карда, ба яке аз афсонаҳои тим табдил ёфт. Серхио дар бораи тамдиди шартнома бо "гаразмониҳо" дар соли 2021 ба мувофиқа расида натавонист ва ҳамчун агенти озод ба “ПСЖ” рафт. Қаблан, хабарҳое сархати расонаҳои ВАО паҳн шуда буданд, ки Рамос ба ҳайати “Галатасарай”-и Туркия шомил мешавад.