Паҳлавони мо Виктор Рассадин ба финали Чемпионати Осиё дар Бишкек роҳ ёфт
Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод дар Бишкек паҳлавони мо Виктор Рассадин аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дода, ба финал баромад.
Виктор Рассадини 30 сола зери вазни то 74 кг дар даври аввал бо ҳисоби 11:0 намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Сангҳо Ҳанро бидуни мушкили шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо гӯштингирӣ қирғиз Канат Керимбеков нерӯсанҷӣ кард.
Дар ин марҳила гӯштингирӣ мо фаъол буд ва тавонист, ки Канат Керимбекови мизбонро бо ҳисоби 9:0 мағлуб карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёбад.
Дар даври нимниҳоӣ Рассадин бо намояндаи Туркманистон - Арслан Бегенҷов гӯштин гирифт. Дар ин нерӯсанҷӣ Рассадин аз ҳариф дида фаъол буд ва имтиёзҳои бештарро соҳиб шуд. Ҳамин тавр, паҳлавони мо тавонист, ки бо ҳисоби 14:4 дастболо гардида, ба финали мусобиқот роҳ ёбад. Дар финали мусобиқа Виктор бо гӯштингири ҷопонӣ Кота Такаҳашии 20 сола гӯштин мегирад.
Рассадин ҳоло аввалин гӯштингири тоҷик дар мусобиқаи мазкур аст, ки ба финал баромад. Дар рӯзи аввали мусобиқа ду паҳлавони мо Мустафо Ахмедов ва Магомет Евлоев мақоми панҷумро касб карда буданд.