“Падарбузурги” Ла Лига муаллифи рекорди ҳангуфт дар дастаи навкори “Элче”

“Падарбузурги” Ла Лига муаллифи рекорди ҳангуфт дар дастаи навкори “Элче”

22 ноябри соли 1998 як ҳамлагари наврас бо номи Нино аз ҳайти захиравӣ ба майдон баромада, сармураббии ояндаи “Барселона” Тито Вилановро иваз кард. Ин ҷавони 18 сола таассуроти бузург гузошт ва дере нагузашта дар пирӯзии муҳим бар “Фигерес” бо ҳисоби 3-1 гол зад, то дастаро дар рақобат барои роҳхати Лигаи бартаро ба даст овардан, нигоҳ дорад.
16 августи соли 2020 капитани “Элче” Нино дар бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии плей-оффи Сегунда ба дарвозаи “Реал Сарагоса” голи ғалабаоварро ба самар расонид. Бозингари 40 сола ба дастааш кӯмак намуд то ин ки “Жирона”-ро дар финали плей-офф мағлуб кунаду ба Ла Лига баргардад.
Нино яке аз дурахшонтарин бозигарон буда, мавсими 22-юми худро ҳамчун як бозингари ҳирфаӣ мегузаронад. Ӯ қисми зиёди корномаи варзишиашро дар дастаее гузаронидааст, ки дар он ҷо ба рамз ва қаҳрамони маҳбуб табдил ёфтааст.
Хуан Франсиско Мартинес Модесто 10 июни соли 1980 дар Вераи Алмерия таваллуд шудааст. Ӯ дар синни 15 солагӣ ба академияи “Реал Мадрид” омада, бо Икер Касиляс бозӣ мекард. Дар ҳоле ки Касиляс бо Мадрид панҷ унвони қаҳрамонии Ла Лигаро ба даст овард, Нино ба хонааш баргашт. Нино соли 1997 ба “Элче” пайваста новобаста аз пастиву баландиҳо тайи беш аз ду даҳсола мешавад, ки дар даста ҳунарнамоӣ карда, аз ин интихоби худ пушаймон нест.
Аввалин мавсими Нино ҳамчун футболбози ҳирфаӣ ба бозгашти “Элче” ба Сегунда рост омад. Бо гузашти вақт Нино ҷузъи ҷудонашавандаи ҳайати асосӣ шуд. Мавсими пурсамартарини ӯ 2004-05 буд, вақте ки ӯ 20 гол ба самар расонид, аммо “Элче” дар ҷадвал мақоми 10-умро ишғол кард. 
Мушкилиҳои молиявии ҳам футболбоз ва ҳам клуб ӯро водор карданд, ки дар соли 2006 ба “Леванте” ҳамроҳ шавад. Инчунин Нино дар “Тенерифе” ва “Осасуна” низ бозӣ кард. Дар ин муддат “Элче” бидуни ӯ ду фаслро дар Ла Лига гузаронид. Ҳангоми дар “Осасуна” буданаш, ӯ дар синни 33-солагӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт, ки метавонист карйераи дигар футболбозонро ба анҷом расонад, аммо ӯ қавииродагӣ нишон дода, ба майдон баргашт ва бар зидди “Элче” бозӣ кард.
Соли 2016, Нино ба “Элче” баргашт, ки даста дар набудани ӯ дар дивизиони сеюм ҳунарнамоӣ мекард. Дар солҳои 2017-18, Нино 37-умин зодрӯзи худро ҷашн гирифт ва 16 гол ба самар расонид. Маҳз бо кӯмаки Нино “Элче” дубора роҳхати Сегундаро соҳиб шуд.
Ин натиҷаҳо метавонистанд барои баъзеҳо дар фаъолияти варзишиашон кофӣ бошанд, аммо на барои Нино. Ӯ ҳанӯз дар дастаи дӯстдоштааш дар Ла Лига бозӣ мекунад. Моҳи декабри соли гузашта, ӯ 130-юмин голи худро бо пероҳани “Элче” дар бозӣ бо “Расинг” зада, аз рекордсмени қаблии клуб Пиерито пеш гузашт. Таҷриба ва дониши ӯ барои даста баҳри соҳиб гардидани роҳхати Ла Лига муҳим буд.
Ин гуна фаъолияти варзишии тӯлонӣ ва самаранокӣ маънои онро дорад, ки Нино чандест рекордҳоро нав мекунад. Дар охири мавсими гузашта, ӯ бозингаре бо бештари бозиҳо (571)  ва голҳо (194)  дар Сегунда гардид. То кунун ба ягон футболбози дига муяссар нашудааст, ки ба мисли ӯ 693 бозӣ дар Ла Лига ва Сегунда гузаронад. Нино бо ҳамроҳии Сезар Родригес, Уго Санчес, Давид Вилля, Раул Гонсалес, Криштиану Роналду ва Лионел Месси дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои чемпионати Испания қарор дорад.
Бузургсолтарин голзани Ла Лига айни замон собиқ нимҳимоятгари "Депортиво" Донато мебошад, ки вақте ӯ моҳи январи соли 2003 ба дарвозаи "Атлетик" гол зад, 40 сол ва 138 рӯз дошт.